Мавқеъҳои воҳидҳои низомии Нерӯҳои зудамали СААД дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Иштирокдорони амалиёт дар доираи  санҷиши ногаҳонии  ҳолати омодабошии ҷангии Нерӯҳои низомии зудамали кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷараён дорад, рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда мавқеъҳои худ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар сурати ноамн шудани вазъ дар ин минтақаро муайян карданд. Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадлиев ба «Азия-Плюс» дар […]

ASIA-Plus



Иштирокдорони амалиёт дар доираи 



санҷиши ногаҳонии



 ҳолати омодабошии ҷангии Нерӯҳои низомии зудамали кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон ҷараён дорад, рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда мавқеъҳои худ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар сурати ноамн шудани вазъ дар ин минтақаро муайян карданд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадлиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мавқеъҳои Нерӯҳои зудамали СААД дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дар самтҳои Шаҳритӯс, Панҷ, Ҳамадонӣ ва Дарвоз муқаррар карда шуданд.

«Имрӯз дар тамрингоҳи «Ҳарбмайдон»-и гарнизони Хатлон машқҳои марҳилаи фаъоли санҷиши ҳолати омодабошии ҷангии Нерӯҳои зудамали СААД доир гардида, пагоҳ воҳидҳои низомӣ ҳамоҳангсозии ҷангии фаъолият ва ҳамчунин малакаҳои амалии типарронӣ дар ҳолатҳои ҷангиро мавриди омӯзишу ба иҷро мерасонанд», – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки дар амалиётҳои санҷиши ногаҳонӣ зикршуда воҳидҳои Нерӯҳои зудамал аз тамоми кишварҳои узви Созмон – Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон иштиок доранд. Ба амалиёти мазкур дар маҷмӯъ беш аз 2,5 ҳазор хизматчиёни ҳарбӣ, ҳудуди 200 адад аслиҳаву муҳимот ва техникаи ҳарбӣ (бо шумули автомашинаи ҷангии зиреҳпӯш/БТР ва автомашинаи ҷангии десантӣ /БМД), наздики 20 ҳавопаймои ҷангӣ ва чархболҳо ва ҳамчунин 30 адад ҳавопаймои авиатсияи низомӣ-нақлиётӣ сафарбар шуданд.

Ҷузъу том ва воҳидҳои ҳарбии Нерӯҳои зудамали СААД давоми рӯзҳои 13-15 май таъҷилан ба қаламрави Тоҷикистон

интиқол дода шуданд.

Нерӯҳои зудамали СААД соли 2009 таъсис дода шуда, ҳайати шахсиаш аз 22 ҳазор нафар сарбозону афсарон иборат аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.