Ҷаласаи вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СҲШ дар Душанбе

Дар шаҳри Душанбе аз 3 то 5 июн баргузории ҷаласаи вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар назар аст. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷаласа масоили ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти корҳои дохилии кишварҳои узви Созмон дар мубориза алайҳи ҷинояткории фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи […]

Аваз Юлдошев



Дар шаҳри Душанбе аз 3 то 5 июн баргузории ҷаласаи вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар назар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар ҷаласа масоили ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти корҳои дохилии кишварҳои узви Созмон дар мубориза алайҳи ҷинояткории фаромиллӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Дар назар аст, ки дар ҳошияи сафар ба Тоҷикистон вазирони корҳои дохилии давлатҳои аъзои Созмонро президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Зимнан зикр гардид, ки вазирони корҳои дохилии кишварҳои узви СҲШ ҳамчунин ҷараёни баргузории тамринҳои зиддитеррористии муштараки ВКД Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чинро низ мушоҳида хоҳанд кард, ки дар маркази таълимии «Магов»-и воқеъ дар шаҳри Ваҳдат доир хоҳад гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.