Ташрифи ноиби президенти Бонки рушди Чин ба Тоҷикистон

Имрӯз, 18 май ноиби президенти Бонки рушди Чин Сиаою Жао бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбьаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар доираи сафари ҷаноби Сиаою Жао ба Тоҷикистон ӯро президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад. Ба гуфтаи манбаъ, тӯли солҳи сипаришуда Бонки рушди Чин […]

Аваз Юлдошев



Имрӯз, 18 май ноиби президенти Бонки рушди Чин Сиаою Жао бо сафари дурӯза ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбьаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, дар доираи сафари ҷаноби Сиаою Жао ба Тоҷикистон ӯро президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Ба гуфтаи манбаъ, тӯли солҳи сипаришуда Бонки рушди Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми ҳудуди 1 млрд. доллари амрикоӣ қарзу бурс ва кумаки техникӣ пешниҳод намуда, айни замон дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва молияи давлатӣ ба маблаги 530 млн. доллари ИМА як қатор лоиҳаҳо мавриди амалишавӣ қарор доранд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, имрӯз ҳайати доираи соҳибкорони Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳти роҳбарии мудири кулли Кумитаи шарқии иқтисодиёти Олмон профессор Райнер Линднер низ ҷиҳати иштирок дар Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Олмон бо сафари дурӯза ба Душанбе меоянд.

Гуфта мешавад, пагоҳ 19 май котибони Шӯроҳои амнияти давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, дар ҷаласаи Кумитаи котибони Шӯроҳои амнияти СААД дар Хуҷанд иштирок мекунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки аз 23 то 25 май сафари раиси вилояти Ивановои Федератсияи Россия П.Конков ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.