Кишти пунбадона дар Тоҷикистон то ҳол анҷом наёфтааст

Нимаи аввали моҳи май ҳамагӣ ба 3,5 ҳазор гектар замин дар Тоҷикистон кишти пунбадона муяссар гардид ва ин ҳам дар ҳолест, ки қариб дар якуним моҳи баъди оғози мавсими киштукор дар майдони 162,1 ҳазор гектар ин навъи зироат кишт шуда буд. Тавре хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ дар ин робита иттилоъ медиҳад, то санаи 15-уми […]

Пайрав Чоршанбиев



Нимаи аввали моҳи май ҳамагӣ ба 3,5 ҳазор гектар замин дар Тоҷикистон кишти пунбадона муяссар гардид ва ин ҳам дар ҳолест, ки қариб дар якуним моҳи баъди оғози мавсими киштукор дар майдони 162,1 ҳазор гектар ин навъи зироат кишт шуда буд.

Тавре хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҶТ дар ин робита иттилоъ медиҳад, то санаи 15-уми май дар майдони 165 ҳазору 650 гектар дар ҷумҳурӣ чигити пахта кишт карда шудааст, ки баробари 92,4 фоизи дурнамо мебошад. Дар саросари кишвар имсол дар маҷмӯъ дар майдони 179 ҳазору 292 гектар кишти чигити пахта дар назар аст.

Гуфта мешавад, кишоварзони вилояти Хатлон то имрӯз дар майдони зиёда аз 188 ҳазор гектар кишти пахта гузаронидаанд, ки баробари 98,4 фоизи дурнамо буда, дар вилояти Суғд дар майдони 43,8 ҳазор гектар (81 фоиз) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ майдони 3716 гектар (72,3 фоиз) кишти пахта гузаронида шудааст.

Қобили зикр аст, ки маъмулан маъракаи кишти пунбадона дар Тоҷикистон нимаи моҳи март оғоз гардида, то нимаи моҳи май идома меёбад. Кишоварзони тоҷик имсол дар ҳаҷми тақрибан 400 ҳазор тонна ҳосили пахта ба даст оварданианд.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта дар Тоҷикистон пунбадона дар майдони ҳудуди 178 ҳазор гектар кишт шуда, наздики 390 ҳазор тонна ҳосил ҷамъоварӣ карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.