Воридоти маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон 17,5% коҳиш ёфт

Дар зарфи 4 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ҳудуди 207 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,5% камтар аст. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, тӯли 4 моҳи соли 2014 ба Тоҷикистон беш аз 250 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардида буд. […]

ASIA-Plus



Дар зарфи 4 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ҳудуди 207 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 17,5% камтар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, тӯли 4 моҳи соли 2014 ба Тоҷикистон беш аз 250 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардида буд.

Ба иттилои манбаъ, воридкунандаи асосии маводи сӯхт ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар Русия боқӣ мемонад, ки ба ҳиссаи ин кишвар 85,7% аз ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтии воридшаванда дар ин давра рост меояд. Ҳамчунин ба миқдори начандон зиёд тӯли 4 моҳи соли равон ба Тоҷикистон маҳсулоти нафтӣ аз Туркманистон (6,2%), Қазоқистон (4,1%), Қирғизистон (2,8%) ва дигар кишварҳо низ интиқол дода шудааст.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ, давоми моҳҳои январ-апрели соли равон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 98,3 ҳазор тонна бензин (ба маблағи 60,2 млн. $), 84,6 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ (54,5 млн. $) ва 11 ҳазор тонна сӯзишвории авиатсионӣ (10,3 млн. $) ворид карда шудааст.

Тибқи маълумоти Агентии омор, ба Тоҷикистон соли 2012 — 373,7 ҳазор тонна, соли 2013 – 375,8 ҳазор тонна ва соли 2014 – 579,8 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон мақомоти дахлдори марбут ба бахши энергетикаи Тоҷикистону Русия оид ба 

тавозуни индикативии сӯзишворӣ дар соли 2015 

ба мувофиқа расиданд. Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон бояд 830 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ интиқол дода шавад.

Соли 2014 тавозуни индикативӣ барои Тоҷикистон 1 млн. тонна муқаррар шуда, аммо ба ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки ҳамагӣ каме бештар аз нисфи ин миқдор маҳсулоти нафтиро аз Русия дастрас намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.