Нақшаи амалҳои муштараки Тоҷикистону Чин оид ба «ҳалқаи иқтисодӣ» омода мешавад

Дар сафорати Тоҷикистон дар Чин оид ба баррасии маҷмӯи васеи масъалаҳои марбут ба шомил кардани Тоҷикистон ба лоиҳаи бунёди «ҳалқаи иқтисодӣ»-и роҳи абрешим мизи гирди навбатӣ доир гардид, ки дар кори он роҳбарони воҳидҳои Кумитаи давлатии умури ислоҳот ва рушди Чин ва ҳамчунин Бонки рушди Чин ширкат варзиданд. Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар […]

Аваз Юлдошев



Дар сафорати Тоҷикистон дар Чин оид ба баррасии маҷмӯи васеи масъалаҳои марбут ба шомил кардани Тоҷикистон ба лоиҳаи бунёди «ҳалқаи иқтисодӣ»-и роҳи абрешим мизи гирди навбатӣ доир гардид, ки дар кори он роҳбарони воҳидҳои Кумитаи давлатии умури ислоҳот ва рушди Чин ва ҳамчунин Бонки рушди Чин ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Пекин, зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Алимов қайд кард, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси раиси Чин Си Ҷинпин «Як Ҳалқа, Як Роҳ»-ро муҳиму рӯзмарра номид, ки барои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва таҳкиму рушди муштарак имконоти нав фароҳам меорад.

«Бунёди «Ҳалқа» ба ҳаллу фасли бештар муваффақонаи масъалаҳои рушди иқтисодҳои миллӣ, ҳавасмандсозии инкишофи иқтисоди минтақавӣ ва ҳамгиройии иқтисодӣ имкон дода, эҳёи Роҳи бузурги абрешим ба таҳкими имконоти транзитии Тоҷикистон, афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли фаромарзӣ ва дар баробари ин тариқи долони Тоҷикистон ба «наздикшавӣ»-и кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Халиҷи Форс ба Чин мусоидат мекунад», – иброз дошт сафир.

Сяо Вэймин, муовини директори департаменти рушди минтақаи ғарбии Кумитаи давлатии умури ислоҳот ва рушди Чин зимни суханрниаш хотиррасон намуд, ки Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда дар бораи муштарак бунёд кардани «ҳалқаи иқтисодӣ»-и роҳи абрешим бо Чин созишнома ба имзо расонид.

«Чин ба боло бурдани сатҳи робитаҳо бо Тоҷикистон, таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои асосии истеҳсолӣ омода аст. Сармоягузории Чин ба сохтмони зербино ва бахшҳои истеҳсолӣ равона хоҳад шуд, то ки барои рушди иқтисодӣ омилҳои нав дарёфт шаванд», – гуфт номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.