Сарфи назар аз буҳрон, дар Суғд қонуни танзим ҳамоно риоя намешавад

Дар зарфи панҷ моҳи соли равон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд 11 ҳазору 429 тӯй ва дигар расму оинҳои миллӣ баргузор шуданд. Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҳукумати вилояти Суғд Суҳроб Рустамов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин давра дар миқёси вилоят 5 ҳазору 989 […]

Баҳром Файзуллоев



Дар зарфи панҷ моҳи соли равон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд 11 ҳазору 429 тӯй ва дигар расму оинҳои миллӣ баргузор шуданд.

Сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҳукумати вилояти Суғд Суҳроб Рустамов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ин давра дар миқёси вилоят 5 ҳазору 989 маросими тӯйи издивоҷ ва 2062 тӯйи хатнасур доир гардидааст.

Ба гуфтаи Суҳроб Рустамов, ҳамчунин бо ташаббуси ҳукумати вилоят дар ин муддат дар доираи дастгирии оилаҳои камбизоат 504 маросими тӯйи хатнасур ва 11 маросими тӯйи навхонадорон гузаронида шудааст.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли номбурда, дар ин давра 40 ҳолати риоя нашудани меъёрҳои Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар ҶТ» ба қайд гирифта шуда, нисбати қонушиканон санадҳо дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба суди шаҳру ноҳияҳо пешниҳод гардидаанд.

«Асосан қонуншиканиҳо ба риоя накардани шумори даъватшудагон тибқи қонун ба маросимҳои гуногун рабт доранд», – афзуд Суҳроб Рустамов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.