Эълони мотами миллӣ дар Гурҷистон ба хотири қурбониёни селоб

Мақомоти Гурҷистон мегӯянд, ки дар натиҷаи бориши боронҳои шадид ва ҷорӣ шудани селоб дар шаҳри Тифлис-пойтахти ин кишвар, 13 нафар ба ҳалокат расида, 24 нафари дигар бедарак шудаанд. Торнамои тоҷикии радиои «Озодӣ» дар ин робита менависад, шоми 13 июн борони шадид борида, рӯдхонаи Вере, ки аз байни шаҳр мегузарад, саршор шуд ва ба соҳилҳо баромад […]

ASIA-Plus



Мақомоти Гурҷистон мегӯянд, ки дар натиҷаи бориши боронҳои шадид ва ҷорӣ шудани селоб дар шаҳри Тифлис-пойтахти ин кишвар, 13 нафар ба ҳалокат расида, 24 нафари дигар бедарак шудаанд.

Торнамои тоҷикии

радиои «Озодӣ»

дар ин робита менависад, шоми 13 июн борони шадид борида, рӯдхонаи Вере, ки аз байни шаҳр мегузарад, саршор шуд ва ба соҳилҳо баромад ва дар сари маҷрои худ даҳҳо биноҳоро шуст ва мошинҳоро бурд. Хатҳои интиқоли барқро хароб кард

Гуфта мешавад, боғи ҳайвоноти шаҳрро сел зер кард. Бабрҳову шерҳо ва гургон аз он ҷо фирор карданд. Се корманди боғи ҳайвонот ба ҳалокат расиданд. Баъзе ҳайвонотро боздошт карданд, вале маълум нест, ки чӣ қадр ҳайвон бедарак шудааст. Мақомот аз аҳолӣ хостаанд, ки дар хонаҳои худ бимонанд ва агар ҳайвоне пайдо шуд, онро бигиранд.

Зимнан зикр мегардад, ки Гиоргӣ Маргвелашвилӣ-раиси ҷумҳур ба хонаводаҳои қурбониёни сел таъзия гуфт ва қавл дод, ки ба зудӣ харобиҳо барқарор хоҳанд шуд. Ираклӣ Гарибашвилӣ-нахуствазир 15 июнро рӯзи мотами миллӣ эълон кард ва гуфт, ки бино ба маълумоти пешакӣ, зарари воридшуда аз ин офати табиӣ 18 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.