Ҷаласаи навбатии роҳбарони бонкҳои марказии давлатҳои аъзои ИИАО дар Хуҷанд

Нимаи ҳафтаи равон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи 32-юми Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё (ИИАО) баргузор гардид, ки дар кори он  роҳбарони бонкҳои марказии Белорусия, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва сарвари Бонки байнидавлатӣ ширкат варзиданд.   Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), иштирокдорони ҷаласаи номбурда дар […]

ASIA-Plus



Нимаи ҳафтаи равон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи 32-юми Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё (ИИАО) баргузор гардид, ки дар кори он  роҳбарони бонкҳои марказии Белорусия, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва сарвари Бонки байнидавлатӣ ширкат варзиданд.

 

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), иштирокдорони ҷаласаи номбурда дар рафти он ҷараёни иҷрои қарорҳои ҷаласаи 31 Шӯрои мазкур, чораҳо оид ба дастгирии бахши бонкӣ ва таъмини устувории молиявии низоми бонкии давлатҳои аъзои иттиҳод, вазъ ва тамоюли бозори асъори давлатҳои аъзо, таҳлили маҷмӯи маълумотҳо оид ба пардохти асъор, ки барои гардиши мол ва хизматрасонӣ миёни давлатҳои аъзо гузаронида мешаванд, ҳолати тавозунҳои пардохт ва динамикаи захираҳои байналмилалӣ, интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Намояндагони бонкҳои марказӣ(миллӣ) ҳамчунин дар рафти муҳокимаи масъалаҳои фаъолияти Шӯрои машваратии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасонии молиявӣ, кори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои истеҳсоли нишонаҳои пулӣ, рушди бозори нумизмативӣ, барориши тангаҳои хотиравӣ ва коллексионӣ, мубориза бар зидди тақаллубкорони пулҳои қалбакӣ дар солҳои 2015-2016, мубодилаи маълумотҳои оморӣ, таҳлили қурбҳои асъори миллӣ ва тағйирёбии онҳо, замон ва макони баргузорӣ ва барномаи пешакии кории ҷаласаи 33-уми Шӯро ва масъалаҳои дигари муҳими бонкӣ фикру андеша ва мавқеи худро иброз доштанд. 

Ҷаласаи номбурда тибқи барномаи тасдиқшуда ду рӯз идома ёфта, баъди ба имзо расонидани Пайнавишти Ҷаласаи 32 Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё анҷом ёфт. 

Тибқи қарори қабулшуда Ҷаласаи 33 Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор мешавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.