Манъи хондани намози таровеҳ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ

Ҳукуматдорони Тоҷикистон хондани намози таровеҳи моҳи Рамазонро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карданд. Аз Маркази исломии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» ин маълумотро тасдиқ карда илова намуданд, ки ҷойҳои ҷамъиятӣ мақоми масҷидро доро нестанд. Қаблан барои баргузории маросиму оинҳои миллӣ, аз қабили оши наҳор, маросими таъзия ва ғайра, дар қаламрави микрорайонҳои пойтахт ҷойҳои махсус амал мекарданд. Чанд сол […]

ASIA-Plus



Ҳукуматдорони Тоҷикистон хондани намози таровеҳи моҳи Рамазонро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ карданд. Аз Маркази исломии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» ин маълумотро тасдиқ карда илова намуданд, ки ҷойҳои ҷамъиятӣ мақоми масҷидро доро нестанд.

Қаблан барои баргузории маросиму оинҳои миллӣ, аз қабили оши наҳор, маросими таъзия ва ғайра, дар қаламрави микрорайонҳои пойтахт ҷойҳои махсус амал мекарданд. Чанд сол қабл Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ дар 50 ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе хондани намозҳои панҷгонаро иҷозат дод.

«Гап сари он аст, ки аксарияти ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳамчунин иншооти фарҳангӣ ба қайд гирифта шудаанд. Расман аз рӯйи ҳуҷҷатҳо онҳо мақоми масҷидро доро нестанд ва дар ҷойҳои ҷамъиятие, ки иҷозат дода шудааст, дар он ибодат кардан мумкин аст. Дар ин робита ҳукумати ноҳияҳо нома ирсол намуданд, то ки дар ин ҷойҳои ҷамъиятӣ намоз хонда нашавад», – иброз дошт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки намози таровеҳ танҳо дар моҳи мубораки Рамазон хонда мешавад. Ин намозро бо ҷамоат пас аз намози хуфтан ва қабл аз намози витр мехонанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел ва гарду ғубор дар рӯзҳои 18-20-уми май ҳушдор додааст. Ин ниҳод дар хабарномае гуфт, дар...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.