Барқияи тасаллияти Э.Раҳмон ба В.Путин дар робита ба даргузашти Примаков

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти яке аз ходимони барҷастаи муосири Русия, собиқ сарвазир ва собиқ вазири корҳои хориҷии Русия Евгений Примаков ба президенти Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки Евгений Примаков ҳамчун ходими барҷастаи давлатӣ […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти яке аз ходимони барҷастаи муосири Русия, собиқ сарвазир ва собиқ вазири корҳои хориҷии Русия Евгений Примаков ба президенти Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла зикр мегардад, ки Евгений Примаков ҳамчун ходими барҷастаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ фаъолияти пурсамар ва ҳадафмандонаи худро ба пойдории ризоият дар ҷомеа, рушди иқтисодии Русия ва тақвияти нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ равона намуда, на танҳо дар кишвари худ, балки дар хориҷи дури он соҳиби эҳтироми хос гардида аст. «Ӯ дар ҷаҳон ҳамчун сиёсатмадоре, ки барои ҳалли масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бисёр талош кардааст, машҳур буд», – омадааст дар барқия.

Гуфта мешавад, дар Тоҷикистон Примаковро «ҳамчун сиёсатмадори муваффақ, дипломат, олим ва фарзанди фарзонаи халқи Русия мешиносанд. Ӯ дӯсти самимии Тоҷикистон буд. Мардуми сипосгузори тоҷик саҳми ин сиёсатмадору дипломати қатъӣ ва дурбин, инсони ошкору некро дар ба даст овардани сулҳ ва ризоият дар сарзамини мо ҳамеша ёд хоҳад кард».

«Дар робита ба талафоти бебозгашти Русия тасаллияти амиқи худро ба халқи ин кишвар изҳор дошта, аз Шумо, муҳтарам Владимир Владимирович, хоҳиш менамоям, ки ҳамдардии самимии моро ба пайвандон ва наздикони марҳум расонед», – қайд мешавад дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон.

Ёдрас мекунем, ки сиёсатмадори варзидаи рус Евгений Примаков рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта, 26 июн дар Маскав дар сини 86-солагӣ аз олам даргузашт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.