Оғози нишастҳои хабарии вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои нимсола

Аввали моҳи июл нишастҳои хабарии навбатии ҷамъбастии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оғоз гардида, роҳбарони вазорату идораҳо ба журналистон аз натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2015 гузориш хоҳанд дод. Тавре аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ин нишастаҳои матбуотӣ санаи 6 июл оғоз гардида, то 31 июл идома меёбанд. Рӯзи […]

Аваз Юлдошев



Аввали моҳи июл нишастҳои хабарии навбатии ҷамъбастии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ оғоз гардида, роҳбарони вазорату идораҳо ба журналистон аз натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2015 гузориш хоҳанд дод.

Тавре аз Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ин нишастаҳои матбуотӣ санаи 6 июл оғоз гардида, то 31 июл идома меёбанд.

Рӯзи 6 июл нахуст нишастҳои хабарии раҳбарияти Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, Вазорати маориф ва илм ва ҳамчунин Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ доир мегарданд.

Қобили зикр аст, ки тибқи супориши сарвари давлат аз 4-уми марти соли 2005, бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва ҳамчунин дастрасии матбуот ба сарчашмаҳои расмии маълумот нишастҳои хабарӣ дар ҳар семоҳа гузаронида мешуданд.

Аммо ба супориши мазкур тағйирот ворид гардида, шурӯъ аз 1-уми октябри соли 2011 нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд. Дар супориши мазкур зикр гардидааст, ки дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.