Шӯрои парлумон тағйироту илова ба як қатор қонунҳоро баррасӣ кард

Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, масъалаи ба рӯзномаи ҷаласаи охирини иҷлосияи якуми МНМО ҶТ даъвати панҷум, ки нимаи аввали имрӯз доир мегардад, ворид намудани масъалаи тасдиқи Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати ИМА оид ба андозбандиии кормандони маҳаллии сафорати ин […]

Аваз Юлдошев



Дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, ки имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров доир гардид, масъалаи ба рӯзномаи ҷаласаи охирини иҷлосияи якуми МНМО ҶТ даъвати панҷум, ки нимаи аввали имрӯз доир мегардад, ворид намудани масъалаи тасдиқи Созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати ИМА оид ба андозбандиии кормандони маҳаллии сафорати ин кишвар дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯрои парлумон ҳамчунин масъалаҳои марбут ба ворид намудани тағйироту илова бо қонунҳо «Дар бораи мубориза бо ҷинояткории муташаккил», «Дар бораи молияи давлатӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

«Тағйироту илова ба қонунҳои дар боло зикршударо вакилони парлумон пас аз рухсатии тобистона, ки аз 1 июл то 30 сентябр идома меёбанд, мавриди омӯзишу таҳлил ва баррасӣ қарор хоҳанд дод», – гуфт М.Султонов.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.