Аз обхезӣ дар Чин беш аз 120 ҳазор нафар осеб диданд

Як қатор минтақаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин  ҳамоно дар муҳосираи обхезии шадид қарор доранд. Вазъияти аз ҳама душвор дар қисми шарқии музофоти Анхойи мамлакат ба назар мерасад. Сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар ин робита менависад, бориши зиёди борон дар баъзе минтақаҳои ин вилоят ба лағжиши қитъаҳои замин боис гардида, бар асари офати табиӣ 2 кас […]

ASIA-Plus



Як қатор минтақаҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин 


ҳамоно дар муҳосираи обхезии шадид қарор доранд. Вазъияти аз ҳама душвор дар қисми шарқии музофоти Анхойи мамлакат ба назар мерасад.

Сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар ин робита менависад, бориши зиёди борон дар баъзе минтақаҳои ин вилоят ба лағжиши қитъаҳои замин боис гардида, бар асари офати табиӣ 2 кас ҳалок ва 6 нафари дигар бедарак гардидаанд.

Гуфта мешавад, аз ин обхезии шадид зиёда аз 120 ҳазор нафар зарар дида, 2 ҳазору 500 каси дигар ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шудаанд. Лағжиши қитъаҳои замин ба хароб шудани роҳҳои нақлиётгард боис гардидааст.

Зикр мегардад, ки гурӯҳҳои наҷотдиҳӣ барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ ва кумак ба сокинони зарардида ба минтақаҳои офатзада сафарбар шудаанд. Тибқи маълумоти пешакӣ ҳаҷми хисороти расида аз ин офати табиӣ дар вилояти Анхой ба 135 миллион юан баробар аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.