Беш аз 60 %-и юнониҳо зидди шартҳои қарздиҳандагон овоз доданд

Сарвазири  Юнон Алексис  Сипрас  натиҷаи раъйдиҳиро, ки дар он аксарияти сокинони кишвар зидди қабули шартҳои  қарздиҳандагон овоздоданд, табрик  гуфт. Тибқи ҳисоби  варақаҳои овоздиҳӣ, бештар  аз  60  фоизи юнониҳо зидди шартҳои  қарздиҳандагон  овоз  доданд. Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории Reuters  Сипрас дар ин робита изҳор доштааст: «Шумо  бо назардошти  вазъияти  душвори  имрӯзаамон […]

ASIA-Plus



Сарвазири  Юнон Алексис  Сипрас  натиҷаи раъйдиҳиро, ки дар он аксарияти сокинони кишвар зидди қабули шартҳои  қарздиҳандагон овоздоданд, табрик  гуфт. Тибқи ҳисоби  варақаҳои овоздиҳӣ, бештар  аз  60  фоизи юнониҳо зидди шартҳои  қарздиҳандагон  овоз  доданд.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба хабаргузории Reuters  Сипрас дар ин робита изҳор доштааст: «Шумо  бо назардошти  вазъияти  душвори  имрӯзаамон роҳи интихоби  басо  ҷасуронаро пеш гирифтед.

«Ҳадафи имконияте, ки  шумо  барои  ман  фароҳам  овардед,  аз  Аврупо  дур  шудан  не,  балки вусъат  бахшидани  вазъиятамон  дар  гуфтушунид  аз рӯи  масъалаи ҷустуҷӯи  роҳҳои  ҳалли судманди мушкилот  аст», –  гуфтааст сарвазир.

Сипрас изҳор  доштааст, ки   ҳукумати  Юнон  омода аст, худи рӯзи  душанбе  ба сари  мизи гуфтушунид баргардад, ки дар  он  барқарор  намудани  низоми  бонкӣ  афзалият  хоҳад  дошт. Ба гуфтаи  мавсуф, ин  дафъа  мушкилоти таҷдиди  назари  қарзи  Юнон  мавриди  муҳокима  қарор  мегирад.

Сарвазири  Юнон  гуфт аз  президенти  кишвар  Прокопис Павлопулос  хоҳиш  менамояд, ки мулоқоти роҳбарони  ҳизбҳои  сиёсиро ташкил  намуда, вазъияти  мавҷударо  бо  онҳо  мавриди  муҳокима қарор диҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.