Тамоили камшавии пулфиристии муҳоҷирон идома дорад

Тайи 6 моҳи соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби муҳоҷирони корӣ тариқи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» 39,6% коҳиш ёфт. Раиси «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки нимсолаи аввал шахсони воқеӣ тариқи «Амонатбонк» ба Тоҷикистон каме бештар аз 173,7 млн. доллари ИМА (ҳамин давраи соли […]

Пайрав Чоршанбиев



Тайи 6 моҳи соли равон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон аз ҷониби муҳоҷирони корӣ тариқи Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» 39,6% коҳиш ёфт.

Раиси «Амонатбонк» Руҳулло Ҳакимзода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки нимсолаи аввал шахсони воқеӣ тариқи «Амонатбонк» ба Тоҷикистон каме бештар аз 173,7 млн. доллари ИМА (ҳамин давраи соли 2014 – беш аз 288 млн. доллари ИМА) маблағ фиристодаанд.

Коҳиши интиқоли маблағҳои пулӣ аз хориҷи кишварро роҳбари бонк ба буҳрон дар иқтисоди Русия бар асари таҳримҳои ҷоришудаи кишварҳои Ғарб нисбати ин давлат, ки муҳоҷирони кории тоҷик асосан дар он ҷо кор мекунанд, нисбат медиҳад.

«Дар навбати аввал ин ба ноустувории қурби рубли русӣ марбут аст, зеро ҳаҷми зиёди интиқоли маблағҳои пулӣ ба Тоҷикистон маҳз бо ин пул сурат мегирад», – гуфт ӯ.

Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, нимсолаи авали соли ҷорӣ ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирон дар маҷмӯъ 42% коҳиш ёфтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.