Аз Яман берун овардани 6 шаҳрванди Тоҷикистон бо кумаки Русия

Санаи 16.07.2015 сол соати 1:45 бо ҳавопаймои махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Россия шаш нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сокинони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Қалъаи Хумб ва Панҷи кишваранд, аз шаҳри Санъои Ҷумҳурии Яман ба шаҳри Москва оварда шуданд. Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, шаҳрвандонро кормандони масъули Хадамоти […]

ASIA-Plus



Санаи 16.07.2015 сол соати 1:45 бо ҳавопаймои махсуси Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Федератсияи Россия шаш нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сокинони шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Қалъаи Хумб ва Панҷи кишваранд, аз шаҳри Санъои Ҷумҳурии Яман ба шаҳри Москва оварда шуданд.

Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод дар ин робита иттилоъ дод, шаҳрвандонро кормандони масъули Хадамоти консулии афорати Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ пешвоз гирифта, онҳоро дар штаби муваққатӣ, ки аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвари иқомат ташкил карда шуда буд, ҷойгир намуданд.

Ба гуфтаи ӯ, худи ҳамин рӯз бо хатсайри Москва-Душанбе як нафар Хайруллоев Ҳ. гуселонида шуда, боқимонда бо хатсайри Москва-Душанбе соати 23:00 бо вақти маҳаллӣ парвоз хоҳанд намуд.

«Рӯйхати шаҳрвандони мазкур аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ тартиб дода шуда, барои интиқол додани онҳо аз Яман ба Москва ба ҷониби Россия пешкаш карда шуданд», – гуфт ӯ.

Зикр гардид, ки ҳангоми сӯҳбат бо шаҳрвандон маълум гардидааст, ки айни ҳол теъдоди ками шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷумҳурии арабӣ боқӣ мемонад. Шаҳрвандон аз Ҳукумати Тоҷикистон ва Россия барои интиқол доданашон аз Яман ба Москва ва пешвозу гуселонидан изҳори сипос намуданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.