Ҳаҷми боркашонӣ тариқи роҳи оҳан 12% кам шуд

Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2014 тӯли 6 моҳи соли равон ҳаҷми боркашонӣ тариқи роҳи оҳан дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тақрибан 12% кам шуд. Муовини аввали сардори Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон Баҳром Шодиев зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита иттилоъ дод, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми боркашонӣ беш аз 2,8 млн. […]

Пайрав Чоршанбиев



Дар муқоиса бо нимсолаи аввали соли 2014 тӯли 6 моҳи соли равон ҳаҷми боркашонӣ тариқи роҳи оҳан дар КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» тақрибан 12% кам шуд.

Муовини аввали сардори Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон Баҳром Шодиев зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита иттилоъ дод, ки нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми боркашонӣ беш аз 2,8 млн. тоннаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 364 ҳазор тонна камтар аст.

«Аз ҷумла, ҳаҷми ҳамлу нақли транзитӣ ба андозаи 33,6% – аз 731 ҳазор тонна дар моҳҳои январ-июни соли 2014 то ба 486 ҳазор тонна дар ҳамин давраи соли равон коҳиш ёфт», – иброз дошт муовини аввали сардори корхона.

Ба гуфтаи ӯ, шумори мусофироне, ки дар ин давра аз хизматгузориҳои Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон истифода кардаанд, ба миқдори 5% кам шуда, нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба 198 ҳазор мусофирон хизмат расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 ҳазор нафар мусофир камтар аст.

Номбурда қайд кард, ки айни замон тариқи хатсайрҳои Душанбе – Маскав (3 маротиба дар як ҳафта) ва Хуҷанд – Маскав (1 маротиба дар як ҳафта) қатораҳои мусофирбар ҳаракат мекунанд. «Дар робита ба нокофӣ будани мусофирон, ҳаракати қатораҳо тавассути хатсайри Душанбе – Конибодом мутаваққиф шуд. Қатораи мусофирбари Душанбе – Пахтаобод ҳамарӯза равуо дорад», – афзуд муовини аввали сардори корхона.

Қобили зикр аст, ки айни замон парки Идораи роҳи оҳани Тоҷикистон аз 2 ҳазору 72 адад вагонҳои боркаш ва 441 адад вагонҳои мусофирбар ва ҳамчунин 56 тепловоз иборат аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.