Кумаки Ҷопон ба беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав

Такаши Камада, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, имрӯз, 23 июли соли 2015 ҷиҳати иштирок дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи беҳтар гардонидани шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав» ба ин ноҳия сафар кард. Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар чаҳорчӯби Барномаи ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ […]

ASIA-Plus



Такаши Камада, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, имрӯз, 23 июли соли 2015 ҷиҳати иштирок дар маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи беҳтар гардонидани шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказии ноҳияи Шаҳринав» ба ин ноҳия сафар кард.

Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар чаҳорчӯби Барномаи ҳукумати Ҷопон оид ба кӯмакҳои бебозгашт ва амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ (GGP) ба ҳокимияти маҳалии ноҳияи Шаҳринав аз тарафи ҳукумати Ҷопон маблағи умумии 107,017 доллари ИМА барои  лоиҳаи мазкур дастрас гашт.

Пеш аз татбиқи лоиҳа, шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказӣ, ки соли 1990 таъсис ёфта, дар як сол зиёда аз 1000 беморонро бо хизматрасонии тиббӣ таъмин менамояд, дар ҳолати ногувор қарор дошт. Боми бино мечакид ва системаи обтаъминкунӣ бошад, куллан аз фаъолият бозмонда буд. Ҳамчунин, аз сабаби набудани таҷҳизоти тиббии лозима, кормандони беморхона натавонистанд дар вақти муносиб ва муҳити тозаву бехатар ба беморон кӯмаки тиббӣ дастрас намоянд.

Муваффақона ба охир расидани лоиҳа, бинои шӯъбаи ҷарроҳии беморхонаи марказӣ, аз ҷумла системаи обтаъминкунии бино пурра таъмир гардида, феълан беморону кормандони беморхона аз он манфиат мебаранд. Илова бар ин, шӯъбаи мазкур бо таҷҳизоти тиббии муосир аз қабили мизи ҷарроҳӣ, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, коагулятори барқӣ ва дигар таҷҳизоти тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ (GGP) тарҳи Барномаи расмии Ҷопон оид ба рушд мебошад. Алалхусус, лоиҳаҳои кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ барои дастгирӣ намудани соҳаҳои мухталифи бахши аъзами аҳолӣ дар сартосари Тоҷикистон равона карда шудаанд.

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, ҳамчунин ба созмонҳои ғайридавлатӣ расонида мешавад. Аз соли 1996 то инҷониб, кӯмакҳои бебозгашт барои бахши аъзами аҳолӣ ва амнияти башарӣ 341 лоиҳаро ба маблағи умумии $27.6 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.