Сӯзишвории авиатсионӣ ба Тоҷикистонро танҳо як ширкат ворид мекунад

Ширкати таъминот бо сӯзишвории Тоҷикистон чун пештара монополист ва ягона воридкунандаи сӯзишвории авиатсионӣ дар кишвар боқӣ мемонад. Муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Назар Одиназода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ҳарчанд дар сатҳи ҳукумат аз соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати ворид кардани сӯзишвории авиатсионӣ ба Тоҷикистон даъват шуда бошад ҳам, алҳол […]

Меҳрангез Турсунзода



Ширкати таъминот бо сӯзишвории Тоҷикистон чун пештара монополист ва ягона воридкунандаи сӯзишвории авиатсионӣ дар кишвар боқӣ мемонад.

Муовини сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Назар Одиназода зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки ҳарчанд дар сатҳи ҳукумат аз соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати ворид кардани сӯзишвории авиатсионӣ ба Тоҷикистон даъват шуда бошад ҳам, алҳол ҳеҷ кадоме аз соҳибкорон ин даъватро напазируфтааст.

«Танҳо Ширкати таъминот бо сӯзишворӣ ба Тоҷикистон сӯзишвории авиатсионӣ ворид намуда, 100% молики ин бозор аст. Мо чандин маротиба масъалагузорӣ кардем, то ки дигар соҳибкорон ҳам ба ин кор машғул шаванд, вале ҳеҷ яке аз соҳибкорон бо ин ширкат рақобат карда натавонист», – иброз дошт Одиназода.

Ба гуфтаи ӯ, бинобар сабаби коҳиши нархҳо ба сӯзишворӣ дар бозори ҷаҳонӣ, давоми ним соли равон арзиши сӯзишвории авиатсионӣ дар Тоҷикистон ба миқдори 215 доллари ИМА поин рафта, 1 ҳазору 390 доллари ИМА барои 1 тоннаро ташкил дод.

Чунин нархи баланди сӯзишвории авиатсионӣ дар Тоҷикистонро назар Одиназода ба мавҷуд набудани рақобат ва ҳамчунин андози аксизӣ ба сӯщишворӣ, хароҷоти роҳ ва ғайра мансуб медонад.

«Агар ҳатто бо Қирғизистон муқоиса намоем, ба ин кишвар «Газпром-нефт» сӯзишвории авиатсионӣ ворид мекунад, аммо намедонам бо кадом сабаб онҳо ин навъи сӯзишвориро ба Тоҷикистон интиқол намедиҳанд. Ҳамчунин агар дар Қирғизистонҳаҷми пардохтпулӣ аз андоз аз арзиши иловашуда 12%-ро ташкил диҳад, дар Тоҷикистон андозаи он ба 18% баробар аст, ки мутаносибан ба арзиши он низ таъсир мерасонад», – афзуд ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.