Ҳалокати 30 нафар бар асари таркиши мудҳиш дар Бағдод

Дар назди яке аз бозорҳои серодами шаҳри Бағдоди Ироқ таркиши мудҳиш ба амал омад. Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», бар асари ин ҳодиса 30 нафар ҷон бохта, 58 тани дигар бо бардоштани захмҳои гуногун бистарии беморхона шуданд. Гуфта мешавад, табибон вазъи саломатии чанд тан аз ҷароҳатдидагонро вазнин арзёбӣ мекунанд. Аз зарбаи сахти […]

ASIA-Plus



Дар назди яке аз бозорҳои серодами шаҳри Бағдоди Ироқ таркиши мудҳиш ба амал омад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо», бар асари ин ҳодиса 30 нафар ҷон бохта, 58 тани дигар бо бардоштани захмҳои гуногун бистарии беморхона шуданд.

Гуфта мешавад, табибон вазъи саломатии чанд тан аз ҷароҳатдидагонро вазнин арзёбӣ мекунанд. Аз зарбаи сахти таркиш инчунин чанд иншоот ва даҳҳо нақлиёти канори роҳ пурра ё қисман хароб гардиданд.

Зимнан зикр мегардад, ки то кунун масъулияти ҳамларо ягон шахс ё гурӯҳе ба уҳда нагирифта, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян намудани омилони қазия фаъолият доранд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.