Боздошти тоҷикон дар Маскав ба гумони як силсила ғоратгариҳо

Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Маскав се тан аз зодагони Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар як силсила дуздиву ғоратгариҳо дар қаламрави шаҳр ва вилояти Маскав боздошт намудаанд. Бино ба иттилои Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав, боздоштшудагон ба манзилҳои хусусӣ ворид шуда, бо таҳдид ба соҳибманзилон бо корд маблағи пулӣ, маснӯоти заргарӣ ва телефонҳои ҳамроҳ […]

ASIA-Plus



Кормандони мақомоти пулиси шаҳри Маскав се тан аз зодагони Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар як силсила дуздиву ғоратгариҳо дар қаламрави шаҳр ва вилояти Маскав боздошт намудаанд.

Бино ба

иттилои

Сарраёсати ВКД Русия дар вилояти Маскав, боздоштшудагон ба манзилҳои хусусӣ ворид шуда, бо таҳдид ба соҳибманзилон бо корд маблағи пулӣ, маснӯоти заргарӣ ва телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ)-и онҳоро бо худ мебурдаанд.

«Гумонбаршудагон дар яке аз манзилҳои шаҳри Маскав боздошт ва зимни кофтукови шахсӣ қисмате аз амволи рабудашуда аз онҳо дарёфт ва мусодира шуда, даст доштани онҳо дар як силсила амалҳои ғоратгарона исбот шуд», – омадааст дар маълумот.

Гуфта мешавад нисбати боздоштшудагон мутобиқи моддаи 162 Кодекси ҷиноии Русия (Роҳзанӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, муҳлати ҷазо тибқи ин модда то 12 соли маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.