Кумаки Вазорати молия ба оилаҳои аз офат осебдидаи Шуғнон

Вазорати молияи Тоҷикистон ба аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Шуғнони Бадахшон ба сифати кумак 1 млн. 286 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кард. «Ин воситаҳоро мо шоми дирӯз ба осебдидагон фиристодем», иттилоъ дод муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода ва қайд кард, ки ин кумак ба нафарони таъиншуда бояд аллакай расида бошад. Ба гуфтаи […]

Пайрав Чоршанбиев



Вазорати молияи Тоҷикистон ба аҳолии аз офати табиӣ осебдидаи ноҳияи Шуғнони Бадахшон ба сифати кумак 1 млн. 286 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо кард.

«Ин воситаҳоро мо шоми дирӯз ба осебдидагон фиристодем», иттилоъ дод муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода ва қайд кард, ки ин кумак ба нафарони таъиншуда бояд аллакай расида бошад.

Ба гуфтаи ӯ, ин маблағ аз фонди захиравии президенти мамлакат ҷудо гардида, ба оилаҳое, ки манзилашон пурра хароб шудааст, дар ҳаҷми 10 ҳазор сомонӣ ва оилаҳое, ки хонаашон қиман вайрон шудааст, 6 ҳазор сомонӣ бар ҳар кадоме кумаки якдафъаина расонида мешавад.

Муовини аввали вазири молия ҳамчунин зикр кард, ки ба оилаҳои аз офати табиӣ осебдида қитъаҳои замин барои сохтмони манзили нав  ҷудо гардида, «хонаҳо пурра барқарор карда мешаванд».

Бино ба маълумоти ҳукумати ҶТ, бар асари офати табиӣ дар деҳаҳои Барсем ва Бердибековободи ноҳияи Шуғнони ВМКБ 72 манзил пурра хароб шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.