АНМН: Мусодираи беш аз 25 кило маводи мухаддир дар як шабонарӯз

Шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи гузаронидани амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд автомашинаи тамғаи «Тойота-Прадо» боздошт гардид. Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ хабар доданд, ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз махфигоҳ дар дохили чархи эҳтиётӣ 7 баста бо маводи хокистарранг бо бӯи махсус […]

ASIA-Plus



Шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи гузаронидани амалиёти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар (АНМН)-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд автомашинаи тамғаи «Тойота-Прадо» боздошт гардид.

Тавре аз шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ хабар доданд, ҳангоми азназаргузаронии автомашина аз махфигоҳ дар дохили чархи эҳтиётӣ 7 баста бо маводи хокистарранг бо бӯи махсус ошкор гардид.

Мутобиқи хулосаи Шуъбаи ташхиси криминалистӣ, маводи мусодирашуда героин буда, вазни он 7 кг 116 грамро ташкил менамояд.

Тавре тафтишоти пешакӣ нишон дод, ронандаи автомашина, сокини 53-солаи пойтахт ният дошт героинро берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ интиқол диҳад. Ҳоло чораҳои зарурӣ барои муайян ва дастгир намудани аъзоҳои боқимондаи гурӯҳи ҷиноятпеша андешида шудаанд.

Инчунин, кормандони Агентӣ дар канори шаҳри Душанбе сокини 39-солаи пойтахтро дастгир намуданд. Ҳангоми азназаргузаронии сумкаи варзишӣ, ки номбурда дар даст дошт, аз дохили он 15 баста бо маводи сабзранг ошкор гардид.

Тавре мутахассисони Шуъбаи экспертизаи судии Агентӣ муайян намуданд, маводи мусодирагардида гашиш буда, вазни он 18 кг 130 грамро ташкил дод.

Аз тарафи гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ ҳамиштирокчиёни ҷиноят муайян шуда истодаанд.

Вазни умумии маводи нашъаовари мусодирашуда 25 кг 246 гр. мебошад.

Аз рӯи ҳодисаҳои номбаршуда аз тарафи Шуъбаи тафтишоти Агентӣ парвандаи ҷиноӣ бо моддаи 200 қ.4 КҶ ҶТ «Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади   ба соҳибияти каси дигар додан ба миқдори махсусан калон» оғоз гардидааст ва тафтишот давом дорад.

Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи нигоҳдории муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.