Дар робита ба муноқиша дар марз нахуствазири Қирғизистон аз рухсатӣ ба кор баромад

– Дар робита ба муноқишаи рухдода дар марз бо Тоҷикистон нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев рӯзи сешанбе аз рухсатии кӯтоҳмуҳлат бар кор баромад, – хабар дода мешавад дар сомонаи расмии ҳукумати Қирғизистон. Дар иттилои ҳукумати ин кишвар қайд мешавад, ки бо супориши Сариев оид ба ҳаллу фасли ин муноқиша гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст. Гуфта […]

ASIA-Plus



– Дар робита ба муноқишаи рухдода дар марз бо Тоҷикистон нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев рӯзи сешанбе аз рухсатии кӯтоҳмуҳлат бар кор баромад, – хабар дода мешавад дар


сомонаи расмии


ҳукумати Қирғизистон.

Дар

иттилои

ҳукумати ин кишвар қайд мешавад, ки бо супориши Сариев оид ба ҳаллу фасли ин муноқиша гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст.

Гуфта мешавад, гурӯҳи кории зикршуда барои ба эътидол овардани вазъ ва роҳандозии тадбирҳо ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон ба вилояти Ботканд сафарбар шудааст.

«Айни замон намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва Хадамоти сарҳдабонии Қирғизистону Тоҷикистон бо мақсади ба эътидол овардани вазъ бо аҳолии маҳаллӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд», – гуфта мешавад дар маълумот.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар яке аз қитъаҳои марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша сар зада, ҷонибҳо ба ҳамдигар сангпартоӣ карданд. Рӯзи 4 август низ муноқиша идома ёфт. Тибқи маълумоти гуногун, дар ин муноқиша ба сурати умум аз 200 то 500 нафар иштирок доранд. Шаҳрвандони ҳарду ҷониб ҷароҳатҳо бардоштанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.