Чин маркази шаҳри Хуҷандро бозсозӣ мекунад

Дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд аввалин маротиба дар миқёси кишвар лоиҳаи ҷадиди меъморию сохтмонӣ бо ҷалби ширкати сохтмонии хориҷӣ амалӣ хоҳад шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, амалишавии лоиҳаи мазкур бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон рӯи кор омада, дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази шаҳр сохта мешавад. Дар нақша ҳаст, […]

ASIA-Plus



Дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд аввалин маротиба дар миқёси кишвар лоиҳаи ҷадиди меъморию сохтмонӣ бо ҷалби ширкати сохтмонии хориҷӣ амалӣ хоҳад шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, амалишавии лоиҳаи мазкур бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон рӯи кор омада, дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиеви маркази шаҳр сохта мешавад. Дар нақша ҳаст, ки  дар ин мавзеъ сохтмони маҷмаи биноҳои истиқоматӣ ва иншооти иҷтимоӣ бунёд гардад.

Дар робита ба ин рӯзи 13 август шаҳрдори Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода директори генералии ширкати давлатии сохтмонии «Пекин» – Ҷао Шин Ҷо ва гурӯҳи меъморону сохтмончиёнро аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба қабул пазируфт.

Зимни мулоқоти судманд ҳайати кории меҳмонон  оиди нақшаи мукаммал ва лоиҳаи сохтмонро  ба раиси шаҳр муаррифӣ намуданд. Дар асоси лоиҳа дар ин мавзеъ сохтмони 15 бинои баландошёна барои 1200 хонавода, бунёди мактаби чаҳорошёна ва дигар иншооти иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст.

Чунон ки дар мулоқот зикр гардид, оғози корҳои сохтмон  дар асоси созишнома ва нақшаи муштараки мақомоти маҳаллӣ соли ҷорӣ пешбинӣ шуда, сокинони маҳали дар он ҷо иқомат дошта ба тариқи шартномаи тарафайн бо ширкати сохтмонӣ бо манзил таъмин карда мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.