Ширкати «Фароз» дар Суғд бозори бузург бунёд кард

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дода, дар маросими ифтитоҳи бозори навбунёди «Ваҳдат», ки дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров ҷойгир шудааст, иштирок намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, бозори навбунёди «Ваҳдат» дар масоҳати 3,8 гектар доман паҳн карда, он аз тарафи ҶСП «Фароз» бунёд шудааст ва […]

ASIA-Plus



Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сафари корӣ анҷом дода, дар маросими ифтитоҳи бозори навбунёди «Ваҳдат», ки дар шафати шоҳроҳи Хуҷанд – Ғафуров ҷойгир шудааст, иштирок намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, бозори навбунёди «Ваҳдат» дар масоҳати 3,8 гектар доман паҳн карда, он аз тарафи ҶСП «Фароз» бунёд шудааст ва дорои 130 мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ, 300 нуқтаҳои фурӯши маводи сохтмонӣ, бинои маъмурии дуошёна, 2 ошхонаи замонавӣ, коргоҳи кафшергарӣ, нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, нуқтаи ташхиси техникиву таваққуфгоҳ аст. Барои фаъолияти шаффоф дар бозор 58 камераҳои назоратӣ насб шудааст.

Ҳамчунин барои хизматрасонии хуб барои аҳолӣ дар ҳудуди бозор утоқҳои хизматрасонии БДА «Амонатбонк», Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таъсис ёфтааст, ки бо усули «Равзанаи ягона» фаъолият мебаранд.

Ба иттилои масъулон дар ҳолати пурра ба фаъолият пардохтани бозори навбунёди «Ваҳдат» беш аз 1 000 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимии дорои шароити мусоид таъмин мешаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.