Санаи баргузории анҷумани навбатии ҲНИТ муайян шуд

Имрӯз дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷаласаи Раёсати Олии ҲНИТ баргузор гардид, ки дар кори он бо режими “онлайн” Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва масъулини шуъбаву бахшҳои ҲНИТ, ки узви ин мақоми олии ҳизб мебошанд, ширкат варзиданд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, баъди баррасии масъалаҳои рӯзнома аъзои Раёсати Олӣ ҷои баргузорӣ, рӯз […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар қароргоҳи марказии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҷаласаи Раёсати Олии ҲНИТ баргузор гардид, ки дар кори он бо режими “онлайн” Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва масъулини шуъбаву бахшҳои ҲНИТ, ки узви ин мақоми олии ҳизб мебошанд, ширкат варзиданд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, баъди баррасии масъалаҳои рӯзнома аъзои Раёсати Олӣ ҷои баргузорӣ, рӯз ва шумораи вакилони анҷуманро таъин карда,бо қарори Раёсат Олӣ рӯзи 15 сентябр дар шаҳри Душанбе анҷумани навбатии ҳисоботии ХII Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон даъват карда мешавад.

Дар анҷумани навбатии ҲНИТ пешвои нави ҳизб интихоб карда мешавад. Айни замон вазифаи раҳбарии ҳизбро МуҳиддинКабирӣ бар дӯш дорад, ки дар анҷуман бояд аз натиҷаи фаъолияти чорсолаи ҳизб ҳисобот диҳад.

Аз дафтари кории ҲНИТ ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки макони баргузории анҷумани ҲНИТ ва ҳузур доштан ё надоштани Муҳиддин Кабирӣ дар кори он ва ҳамчунин ному насаби номзадҳои нав ба вазифаи раисии ҲНИТ алҳол маълум нест. Мутобиқи оинномаи ҳизб муддати ҳар чор сол раиси ҳизб интихоб карда мешавад, вале дар ҳамин ҳол, регламенти чанд маротиба довталабӣ кардани як номзад ба ин мансаб вуҷуд надорад.

Ёдрас мекунем, ки баъд аз нокомӣ дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли равон дар Тоҷикистон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ба хориҷи кишвар раҳсипор гардида, аллакай муддати беш аз 5 моҳ аст, ки асосан дар Туркия иқомат дорад.

Бо ишора ба фишори афзояндаи ҳукуматдорон болои аъзои ҳизб, раҳбарияти ҲНИТ оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати Муҳиддин Кабирӣ пас аз бозгашт ба ватанро аз эҳтимол дур намедонад.

Дар ҳамин ҳол, Прокуратураи генералии Тоҷикистон 

изҳор намуд,

 ки айни замон нисбати раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ парвандаи ҷиноӣ боз нашудаааст. Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода низ дар ин робита изҳор намуд, ки ба пешвои ҲНИТ дар Тоҷикистон ҳеҷ хатаре вуҷуд надорад.

Ёдрас мекунем, ки 

Муҳиддин Кабирӣ дар конфронси байнулмилалӣ 

таҳти унвони «Осиёи Марказӣ: таҳдидҳои муосир», ки рӯзи 17 июн дар шаҳри Маскав доир гардид, 

изҳор намуда буд

, ки мутмаин аст, дар ватан ба ӯ ҷавобгарии ҷиноӣ таҳдид карда метавонад.

Рӯзи 16 июни соли равон нашрияи ҳукумат «Ҷумҳурият» таҳти унвони 

«Асрори пушти пардаи тиҷорати Кабирӣ» 

маводе ба чоп расонид, ки дар он раиси ҲНИТ ба ғайриқонунӣ хусусигардонии қитъаҳои замин ва иншооти давлатӣ айбдор карда мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз болоравии нарх истифода барад?

Ҷумҳурӣ ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Абдуҷаббор Азизиву Қурбоналӣ Абдулло то Рӯзи ҷаҳонии китоб ва ҳуқуқи муаллифӣ.

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.