Иҷозаи вуруди 250 донишҷӯи тоҷикистонӣ ба Русия

Ба 250 донишҷӯи тоҷикистонии муассисаҳои таълимии Русия иҷозаи вуруд ба қаламрави ин кишвар ва идомаи таҳсил дода шуд. Аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба туфайли вохӯрӣ ва гуфтушунидҳое, ки миёни ҷонибҳо ҳар ним сол гузаронида мешавад, чунин натиҷаи мусбат ҳосил шуд. «Миёни […]

Мавлуда Рофиева



Ба 250 донишҷӯи тоҷикистонии муассисаҳои таълимии Русия иҷозаи вуруд ба қаламрави ин кишвар ва идомаи таҳсил дода шуд.

Аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ба туфайли вохӯрӣ ва гуфтушунидҳое, ки миёни ҷонибҳо ҳар ним сол гузаронида мешавад, чунин натиҷаи мусбат ҳосил шуд.

«Миёни манъи вуруд ба Русия ва истирдоду хориҷ кардан фарқ мебояд гузошт. Барои ягон қонуншикание вуруд ба қаламрави ин кишварро манъ мекунанд. Касоне, ки вурудашон манъ шудааст, ба намояндагии Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия дар Тоҷикистон муроҷиат карда метавонанд ва дар муддати 10 рӯз ба муроҷиати онҳо расидагӣ мекунанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки имрӯз ба вуруди ҳазорон шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ҳеҷ монеъае ҷой надорад. Айни замон барои 300 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд ба қаламрави Русия манъ аст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба

маълумоти

Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, аз оғози соли ҷорӣ ҳудуди 383 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба муҳоҷирати корӣ рафтаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,5% камтар мебошад.

Мутобиқи 

маълумоти

 Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, ба санаи 6 август беш аз 985 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла зиёда аз 827 ҳазор нафар мардон ва ҳудуди 158 ҳазор нафар занон дар қаламрави Русия қарор доштанд. Ин шумор аввали сол каме бештар аз 999,1 ҳазор нафарро ташкил медодааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.