Кумаки ҳукумати ИМА ба ноҳияҳои аз офати табиӣ осебдидаи водии Рашт

Аз 20-уми июли соли ҷорӣ, аз оғози обхезӣ ва фаромадани ярч дар ноҳияи Ғарми водии Рашт Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯмаки башардӯстонаро ба маблағи 50 000 доллари амрикоӣ ҷиҳати расонидани кӯмак ба хонаводаҳои зарардида тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ  (USAID ) ҷудо намудааст.   Тавре аз намояндагии дипломатии ИМА дар ҶТ хабар доданд, […]

ASIA-Plus



Аз 20-уми июли соли ҷорӣ, аз оғози обхезӣ ва фаромадани ярч дар ноҳияи Ғарми водии Рашт Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кӯмаки башардӯстонаро ба маблағи 50 000 доллари амрикоӣ ҷиҳати расонидани кӯмак ба хонаводаҳои зарардида тавассути Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ  (USAID ) ҷудо намудааст.

 

Тавре аз намояндагии дипломатии ИМА дар ҶТ хабар доданд, кӯмаки мазкур иборат аз хаймаҳо, маҷмӯи таҷҳизоти тиббиву санитарӣ, оби ошомиданӣ ва дигар маводҳои ниёзи аввал ба хонаводаҳои деҳаҳои Бедак, Халқарф, Пингон ва Мазори Боло дастрас гардид.  Ин кӯмакҳо мувофиқи дархостҳои Ҳукумати Тоҷикистон буда, тавассутигурӯҳи муштарак оид ба баҳогузории таъҷилӣ ва ҳамоҳангсозӣ (REACT), ки аз намояндагони ҳукуматӣ, ташкилотҳои донорӣ ва ғайридавлатӣ иборат мебошад, ҳамоҳанг мегардад. 

Сафир Сюзан Эллиотт хисороти зиёдро дар водии Вахш дарк намуда, 5-уми августи соли 2015 ҷиҳати амалӣ гардонидани дархости Ҳукумати Тоҷикистон барои кӯмак изҳоротро оид ба офати табиӣ қабул намуд.  Қабле пеш, 12-уми августи соли 2015, Сафир Эллиотт аз ноҳияҳои зарардида дидан намуда, бо осебдидагони офатҳои табиӣ ва намояндагони ташкилотҳои ғайридавлатии байналмиллалӣ мулоқот намуд.

Аз рӯи маълумотҳои REACT, обхезӣ боиси марги 8 нафар гашта, бар асари он зиёда аз 500 нафар хонаҳои худро аз даст доданд.  Аввали моҳ, Иёлоти Муттаҳида кӯмаки башардӯстонаро аз ҷумлаи хаймаҳо, таҷҳизоти тиббиву санитарӣ ва дигар маводи таъҷилӣ ба маблағи зиёда аз 60 000 доллари амрикоӣ ба оилаҳои деҳаҳои Барсем, Колхозобод ва водии Рашт расонида буд.  Кӯмакҳои муштарак аз ҷониби оҷонсиҳои мухталиф ва созмонҳои шарик аз иродаи қавии Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҷиҳати  дастгирӣ намудани мардуми Тоҷикистон дар ин лаҳзаҳои мушкил шаҳодат медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.