Суғд: Мард ҳамсарони ҷавонро бо милтиқи шикорӣ парронд

Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ду ҳодиса фоҷеабор ба вуқӯъ пайваст. Бино ба маълумоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сокини 23-солаи деҳаи Устунги ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ К.В. аз ҳисси адовату душманӣ ба манзили оилаи Р.Г.-и 24-сола ва зани 22-солаи ӯ Д.Г. ворид шуда, бо милтиқи шикорӣ ҳарду онҳоро мепарронад, ки онҳо […]

Мавлуда Рофиева



Рӯзи сешанбеи ҳамин ҳафта дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ду ҳодиса фоҷеабор ба вуқӯъ пайваст.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, сокини 23-солаи деҳаи Устунги ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ К.В. аз ҳисси адовату душманӣ ба манзили оилаи Р.Г.-и 24-сола ва зани 22-солаи ӯ Д.Г. ворид шуда, бо милтиқи шикорӣ ҳарду онҳоро мепарронад, ки онҳо дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Гумонбаршуда дар содир намудани ин ҷиноят боздошт шуда, нисбати ӯ мутобиқи моддаи 104, қ. 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Тибқи маълумоти маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 60-солаи сокини ноҳияи Ғончӣ бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир гардид.

Муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда санаи 18.08.с.2015, тахминан соати 16:00-дақиқа дар ҳавлии истиқоматиаш аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо келинаш, зани 31-солаи истиқоматкунандаи ҳамон ҷо, ҷангу ҷанҷол намуда, бо корди хоҷагии дар дасташ буда, се маротиба ба қафаси сина ва ду маротиба ба дасти чапаш задааст. Дар натиҷа, зани ҷабрдида, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Бино ба маълумоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд, дар зарфи 6 моҳи соли равон дар қаламрави шаҳру навоҳии минтақаи шимоли кишвар 22 ҳодисаи одамкушӣ (6 моҳи соли 2014 – 23 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.