Ҳукумат боло бурдани синнусоли нафақа барои низомиёнро пешниҳод кард

Date:



Ҳукумати Тоҷикистон тағйирот ба қонун «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»-ро таҳия намуда, онро ба баррасии палатаи поёнии парлумон пешниҳод кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ дод, ин тағийрот бо ташаббуси Вазорати молия пешниҳод шуда, моҳияташ дар он аст, ки акнун минбаъд барои ба нафақа баромадан намояндагони сохторҳои қудратии Тоҷикистон бояд на камтар аз 25 соли тақвимӣ хизмат кунанд.

Ба андешаи чанде аз намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ, ташаббускорони ворид намудани чунин тағйирот огоҳ нестанд, ки беихтиёр зиён овардан ба пояҳои сулҳ ва субот дар кишварро пешниҳод доранд.

«Онҳо намедонанд, ки баъди чунин пешниҳодҳо шумори одамоне, ки бо хатар барои ҳаёташон ва музди ночизе шабонарӯзӣ бидуни хобу истироҳат ва дур аз оилаашон кор карда, ба Ватан хизмат мекунанд, бамаротиб кам шуда, ҷойи онҳоро ғайриҳирфаиён ва ҳатто ҷинояткорон бо мақсадҳои нопок гирифта метавонанд, ки ба муҳофизати на худу на сохти конститутсионӣ қодир нестанд. Чунин афрод огаҳ нестанд, ки кормандони сохторҳои қудратӣ қариб ҳамеша шабонарӯзӣ дар коранд, чӣ будани иду рӯзи истироҳатро намедонанд. Огаҳ нестанд, ки кормандони сохторҳои қудратӣ зимни ҳама гуна чорабиниҳои давлатӣ ба реҷаи ба истилоҳ адои хизмати шабонарӯзӣ (мудом дар казарма қарор доштан) мегузаранд ва барои ин пардохти иловагӣ намегиранд», – ибрози назар кард дар ин хусус яке аз собиқ кормандони сохторҳои қудратӣ.

Дар ҳамин ҳол, сарчашмаҳои «Азия-Плюс» дар ҳукумат ва парлумони ҷумҳурӣ дар мавриди ин масъала қайд карданд, ки дар долонҳои ҳукумат ва парлумон ин тағйирот баҳсҳои зидду нақизро дар пай хоҳад дошт. 

2 КОММЕНТАРИИ

  1. «Азия-Плюс»

    «Азия-Плюс» хуб мешуд, ки лоиҳаи қонунро бо мусоидати сарчашмаҳоятон дастрас намуда,ба кормандони сохторҳои қудратӣ барои шиносоӣ ва изҳори фикру андешахояшон пешкаш мекардед. Пешаки миннатдории худро барои дастгириатон баён менамоям.

Leave a Reply to tojiki Отменить ответ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...