Баррасии муносибатҳои неки ҳамсоягии кишварҳо ОМ дар бахши истифодаи об дар Берлин

ASIA-Plus



Рӯзҳои 7-8 сентябри соли 2015 дар шаҳри Берлин Конфронси “Раванди Берлин” таҳти унвони “Об ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ” бо иштироки намояндагони баландпояи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар кори Конфронс ҳамчунин намояндагони Иттиҳоди Аврупо, Комиссияи иқтисодии СММ оид ба Аврупо, Созмони Ҳамкорӣ ва Амният дар Аврупо, Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бонки Ҷаҳонӣ, Конфедератсияи Швейтсария, Давлати Исроил ширкат варзиданд.

Гуфта мешавад, дар кори ин Конфронс ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим иштирок дошт.

Боиси тазаккур аст, ки ин раванд аз соли 2008 оғоз гардида, то ин дам ду марҳалаи он тай гардидааст. Дар ҷараёни Конфронси навбатӣ масъалаҳои вобаста ба марҳалаи саввуми  “Раванди Берлин” мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифтанд.

Ҳадафи асосии ташаббуси Ҷумҳурии Федеративии Олмон рушди устувори иқтисод ва суботи минтақавӣ тавассути чораҳои муштарак дар самти идораи манбаъҳои обӣ дар Осиёи Марказӣ ва таъмини ҳамкориҳои муштарак миёни кишварҳои минтақа ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар робита ба мавзӯъ мебошад. Раванди Берлин ба эътирофи ҷониби Олмон ҷузъи таркибии стратегияи ҳамкории Иттиҳоди Аврупо дар самти минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар доираи нишасти Берлин тарҳи Эъломияи муштараки Конфронси сатҳи баланд “Об ва ҳамсоягии нек дар Осиёи Марказӣ”, ки қаблан мавриди ҳамоҳангии ҷонибҳо қарор гирифта буд, баррасӣ гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...