Боздошти муовини аввали раиси ҲНИТ дар Душанбе

Муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ ҳангоми парвоз ба шаҳри Алмаато боздошт шуд. Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки Саидумар Ҳусайнӣ муддати як ҳафта бояд ба Алмаато мерафт ва бо худ билети рафтуомад ба ҳарду тарафро дошт. Ба гуфтаи Ҳайит, ҳамчунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон […]

ASIA-Plus



Муовини аввали раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Саидумар Ҳусайнӣ ҳангоми парвоз ба шаҳри Алмаато боздошт шуд.

Муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки Саидумар Ҳусайнӣ муддати як ҳафта бояд ба Алмаато мерафт ва бо худ билети рафтуомад ба ҳарду тарафро дошт.

Ба гуфтаи Ҳайит, ҳамчунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Воҳидхон Қосиддинов, узви Шӯрои сиёсии ҳизб низ боздошт шудааст. Ӯ бо зани қирғизаш ният доштааст, ки аз Исфара ба Ботканд ба дидори хешовандонаш равад. Тамоми ҳуҷҷатҳои В.Қосиддинов гирифта шудаанд.

Ба Раҳматуллои Раҷаб, роҳбари бахши ҳизб дар ноҳияҳои тобеи марказ низ чанд рӯз қабл ба парвоз ба шаҳри Екатеринбурги Русия, ки ба он ҷо ӯ ба муҳоҷират рафтанӣ буд, иҷоза нашудааст. Ба қавли Ҳайит, чанд дақиқа қабл як гурӯҳ кормандони КДАМ ба назди Раҳматулло Раҷаб омада, нияти боздошти ӯро доштаанд.

Баъди оғози амалиёти махсуси мақомоти интизомӣ дар дараи Ромит, худи Ҳайит низ рӯзи 5 сентябр назди кормандони КДАМ барои суҳбат даъват шудааст.

Ҳамчунин муовини раиси ҲНИТ иттилоъ дод, ки ҳатто ба аъзои қатории ҲНИТ, ки хоҳиши ба муҳоҷират рафтан ба Русияро доранд, ба парвоз иҷоза дода намешавад. Ғайр аз ин, аз якчанд нафар аъзои қатории ҲНИТ шиносномаҳояшон гирифта шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.