Ҳамдардии амиқи президент ба наздикони фавтидагон дар амалиёти махсус

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ки дар ҷараёни амалиёти махсус барои несту нобуд кардани дастаи террористии собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Назаров ба ҳалокат расиданд, ҳамдардии амиқ баён намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба роҳбарони сохторҳои мақомоти […]

ASIA-Plus



Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оила ва наздикону пайвандони кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ки дар ҷараёни амалиёти махсус барои несту нобуд кардани дастаи террористии собиқ муовини вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҳалим Назаров ба ҳалокат расиданд, ҳамдардии амиқ баён намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ба роҳбарони сохторҳои мақомоти дахлдор супориш дода шудааст, ки оилаҳои шахсони ҳалокшударо бо кумаку ғамхории ҳамаҷониба фаро гиранд.

Ғайр аз ин, Эмомалӣ Раҳмон ба тамоми ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомие, ки дар ин амалиёти махсус ширкат намуданд ва ба ҳамаи шаҳрвандоне, ки дар самти дастгир кардани террористон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ фаъолона ҳамкорӣ доштанд, изҳори миннатдорӣ намуд.

Амалиёти махсус алайҳи гурӯҳи мусаллаҳи Назарзода рӯзи 4 сентябр баъди ҳуҷуми аъзои ин гурӯҳ ба Шуъбаи ВКД дар шаҳри Ваҳдат ва дастгоҳи марказии Вазорати мудофиа дар шаҳри Душанбе шурӯъ шуд, ки дар натиҷаи ин ҳамлаҳо дар маҷмӯъ 13 нафар кормандони мақмоти корҳои дохилӣ ва амнияти миллӣ ба ҳалокат расиданд.

Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ ва робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 16 сентябр

дар бораи комилан анҷом ёфтани амалиёти махсус

оид ба безарар гардонидани гурӯҳи  ҷиноятпешаи собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода хабар доданд.

Тибқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқ вазири мудофиа ҳамроҳ бо ҳаммаслакони худ дар қаламрави дараи Ромит паноҳ бурданд. Бино ба маълумоти мақомоти расмӣ, зимни амалиёти мхсус беш аз 100 нафар аъзои гурӯҳ боздошт ва боз зиёда аз 30 тан аз аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша кушта шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.