Сафири нави Тоҷикистон ба муовини вазири корҳои хориҷии Украина эътимоднома супурд

Рӯзи 16 сентябри соли 2015 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Украина сафири тозатаъини Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Украина Елена Зеркал супорид. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, пас аз маросими супоридани нусхаи Эътимоднома мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Украина Е. Зеркал бо сафири Тоҷикистон дар […]

ASIA-Plus



Рӯзи 16 сентябри соли 2015 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Украина сафири тозатаъини Тоҷикистон дар Украина Файзулло Холбобоев нусхаи Эътимодномаи худро ба муовини вазири корҳои хориҷии Украина Елена Зеркал супорид.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, пас аз маросими супоридани нусхаи Эътимоднома мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Украина Е. Зеркал бо сафири Тоҷикистон дар Украина баргузор гардид, ки дар рафти он масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба миёни ду кишвар, таҳкими равобити дӯстона ва ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод, савдо,  фарҳангу маориф ва зарурати ривоҷи бештари онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар навбати худ сафири Тоҷикистон дар Украина зимни суҳбат оид ба дастовардҳо ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон тайи солҳои охир ибрози ақида намуда, ҳамзамон аз ҳамкорӣ бо Украина дар бахшҳои муҳими иқтисоди ҷумҳурӣ ибрози миннатдорӣ намуд.

Ҳамчунин дар рафти мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳо ва масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн суҳбат карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.