Ташаббусҳои нави Тоҷикистон оид ба мушкилот дар соҳаи об

Рӯзи 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», ки бо ибтикори Тоҷикистон ҷамъ омада буд, иштирок ва суханронӣ кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар […]

ASIA-Plus



Рӯзи 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар чорабинии сатҳи баланд дар ҳошияи саммити СММ оид ба мавзӯи «Ҳавасмандгардонии раванди татбиқи амалӣ ва дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи об», ки бо ибтикори Тоҷикистон ҷамъ омада буд, иштирок ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҳамоиши сатҳи баланд ҳамчунин Ян Элиассон – Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, генерал Прают Чан-Оча – Сарвазири Шоҳигарии Таиланд, Адам Золтан Ковач – муовини Котиби давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ ва савдои Маҷористон оид ба ҳамкории байналмилалӣ, Хонум Ҳелен Кларк – Маъмури Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид иштирок ва суханронӣ намуданд.

Роҳбари маъмурияти Барномаи Рушди СММ хонум Ҳелен Кларк, – чорабинии сатҳи баландро бо сухани муқаддимавӣ оғоз намуда аз ҷумла иброз намуд,  ки,  “Шумо Ҷаноби Президент Эмомалӣ Раҳмон яке аз пешсафон ва асосгузорони баррасии масоили оид ба об дар сатҳи байналмилалӣ буда ташаббусҳои Тоҷикистон барои пешрафти сиесати оби Созмони Миллали Муттаҳид дар барномаи Ҳадафҳои Рушди Устувор дар соҳаи об то соли 2030 калидӣ мебошад.  Чорабинии имруза ва ширкати доираҳои баруманди давлатӣ, соҳавӣ ва байналмилалӣ дар ин нишасти бонуфуз нишонаи равшани ин иқдом аст”.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иброз намуд, ки дар ҷараёни амалисозии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди дастёбӣ ба ҳадафҳои дар сатҳи глобалӣ мувофиқашудаи соҳаи об, аз ҷумла дар роҳи расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола дар арсаи обу беҳдошт, ба пешрафти назаррас ноил гардид. “Мо чунин мешуморем, ки ҳамаи ин дастовардҳо ба шарофати қабул кардан ва амалӣ сохтани тарзу услуби нав ва талошҳои ҳамоҳангшуда дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ имконпазир гардиданд”.

Тавре тазаккур дода шуд, ҳадафи асосии Даҳсолаи байналмилалӣ «Об барои ҳаёт», ки 23 декабри соли 2003 тавассути қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Тоҷикистон эълон гардидааст, аз мусоидат ба саъю талош барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи захираҳои об ва беҳдошт то соли 2015 иборат аст. Дар ин раванд рушди ҳамкорӣ дар ҳамаи сатҳҳо дар маркази таваҷҷуҳ буд.

Эмомалӣ Раҳмон даҳсолаи сипаригашта дар бахши об ва берун аз онро замони дигаргуниҳои бузург ва огоҳиву иштироки бештари глобалии ҷомеаи шаҳрвандиро дар ин раванд комёбии бузург номида, зикр намуд, ки “Дар чаҳорчӯбаи Даҳсола стратегияи дарозмуҳлат ва нақшаи амалиёт дар сатҳи глобалӣ ба тасвиб расид ва муҳимтар аз ҳама, раванди сиёсӣ роҳандозӣ гардид. Даҳсола ҳамчунин ба беҳсозии амалҳои муштараки ҷонибҳои гуногуни манфиатдор дар миқёси сайёра мусоидат намуд. Он ба ҳамкорию ҳамдастии мақомоти ҳукуматӣ, ҷалб гардидани занон, ҷавонон, доираҳои соҳибкорию илмӣ ба баррасии масъалаҳои об низ такон дод. Ба ғайр аз ин, сохтору василаҳои марбутае таъсис ёфта буданд, ки фаъолияти онҳо дар ҷараёни Даҳсола ба такмилу таҳкими ҳамоҳангсозии байниидорӣ равона гардида буд”.

Президенти мамлакат аз нақши Тоҷикистон, ҳамчун кишвари ташаббускори Даҳсолаи байналмилалии “Амалиёти об барои ҳаёт” ёдовар шуда, силсилаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Тоҷикистонро барои татбиқи босамари чорабиниҳои он дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ номбар кард.

Бо вуҷуди пешрафти муассир дар ҷодаи амалисозии Даҳсола, Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми баромади худ аз камбудиву мушкилоте, ки дар ҷараёни татбиқи амалии он ҷой доштанд ва дар паймудани ин роҳ монеаҳои муайян эҷод сохтанд, сухан ронда, аз ҷумла, иброз намуд, ки дар баробари комёбиҳои муҳим дар ҳалли масъалаҳои марбут ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола оид ба об, мақсаду матлабҳо дар самти беҳдошт ба иҷро нарасиданд. Ҳамзамон бо ин, ӯ аз натиҷаҳои мухталиф дар татбиқи амалии ин ҳадафҳо дар сатҳи минтақаҳо, кишварҳои мутараққӣ ва рӯ ба рушд, шаҳрҳо ва деҳот, кишварҳои доро ва камбизоати аҳолӣ изҳори нигаронӣ кард.

Ба иттилои Президенти Тоҷикистон имрӯз, чун пештара, дар ҷаҳон тақрибан 750 миллион одамон ба оби тозаи ошомиданӣ ва дуюним миллиард одамон ба шароити асосии беҳдошт дастрасӣ надоранд. Тақрибан як миллиарду сесад миллион нафар аз барқ маҳруманд. Ба ҳисоби миёна ҳар сол офатҳои табиии марбут ба об ба андозаи зиёда аз 60 миллиард доллари амрикоӣ хисороти иқтисодӣ ворид сохта, хушксолӣ ва биёбоншавӣ манбаи воситаҳои зиндагии зиёда аз 1 миллиарду 200 миллион одамро дар тамоми ҷаҳон зери хавфу хатар қарор медиҳанд.

Маҳз ба ин хотир, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди худро, ки дар чаҳорчӯбаи Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонии об садо дода буд, бори дигар ба миён гузошта, изҳори итминон намуд, ки эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалии «Об баҳри рушди устувор» василаи муҳими дастёбӣ ба Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об хоҳад гашт.

Вобаста ба ин, Эмомалӣ Раҳмон ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба эъломи Даҳсолаи байналмилалии нав асосноку саривақтӣ дониста ва аз давлатҳои аъзо даъват кард, ки ин ташаббусро пуштибонӣ намоянд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар фароварди суханронӣ гуфт: “Фикр мекунам, ки фароҳам сохтани ҳаёти шоистаи наслҳои ояндаи мо танҳо аз тариқи андешидани тадбирҳои муштарак имконпазир аст. Аз ин рӯ, ҷонибдории ҳамаҷонибаи ибтикороти мавҷуда барои мусоидат ба иҷрои уҳдадориҳо оид ба об дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ, ҳамчунин ҳамоҳангсозии марбутаи фаъолияти мо дар ин масир аҳамияти аввалиндараҷа дорад”.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...