Бибиотунҳои тоҷикро ба иртибот бо ифротгароён муттаҳам мекунанд

Ҳукуматдорон метавонанд иштироки занони воиз –  бибиотунҳоро дар маъракаҳои занон дар Тоҷикистон манъ кунанд, зеро бар ин назаранд, ки онҳо миёни занон афкори ифротгароиро таблиғ менамоянд. Дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар Душанбе ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ин робита изҳор намуд, ки бо истифода аз […]



Ҳукуматдорон метавонанд иштироки занони воиз –  бибиотунҳоро дар маъракаҳои занон дар Тоҷикистон манъ кунанд, зеро бар ин назаранд, ки онҳо миёни занон афкори ифротгароиро таблиғ менамоянд.

Дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ дар Душанбе ёвари президенти Тоҷикистон оид ба масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода дар ин робита изҳор намуд, ки бо истифода аз бибиотунҳо Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ақидаҳои худро миёни занони Тоҷикистон тарғибу ташвиқ мекунад.

Ӯ пешниҳод кард, ки тамоми амри маъруфе, ки аз ҷониби ин занон дар маъракаву расму оинҳои миллӣ сурат мегирад, манъ карда шавад.

Ба гуфтаи А.Раҳмонзода, тайи солҳои ахир шумори бибиотунҳо дар кишвар рӯ ба афзоиш ниҳода, онҳо бидуни монеъа дар маъракаҳо суханрониву амри маъруф мекунанд. «Бахусус таъсири онҳо ба занони минтақаи Кӯлоб ва шаҳри Душанбе зиёд мешавад», – таъкид дошт номбурда.

Раҳмонзода бо изҳори таассуф қайд кард, ки иштирокчиёни ин маъракаҳо ва шоҳидони амалҳои бибиотунҳо баҳри пешгирии он ҳеҷ тадбире намеандешанд. «Ба ин масъала мо бояд хеле ҷиддӣ муносибат карда, пеши роҳи ин гуна амалҳо номатлубро гирем», – афзуд ёвари президент.

Қобили зикр аст, ки соли 2011 Шӯрои ҷамъиятии бибиотунҳои вилояти Суғд таъсис дода шуда буд, ки ба ҳайати он 40 нафар воиззанони мазҳабӣ аз шаҳри Хуҷанду ҷамоатҳои Унҷӣ, Х.Усмон ва Ёваи Бобоҷон Гафуров шомил буданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Ахмадзода замоне ҳатто саҳми арзандаи Шӯрои бибиотунҳо дар ҳаёти ҷамъиятии шаҳрро қайд карда, барои иштирокашон дар маъракаи ғунучини ҳосили пахта ба онҳо миннатдорӣ изҳор намуда буд. Ба чанде аз бибиотунҳои фаъол туҳфаҳои хотирваӣ ҳам тақдим шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.