«Истиқлол» имкони дастёбӣ ба бозии финалии Ҷоми КФО-ро қариб пурра аз даст дод

Дар бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2015 миёни дастаҳои «Кувайт» (Кувайт) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон), ки футболбозони тоҷик дар меҳмонӣ рӯзи 30 сентябр бозӣ карданд, дастаи мизбон – «Кувайт» бо ҳисоби 4 бар 0 ғалаба ба даст овард. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамин тариқ, «Истиқлол» имкони дастёбӣ ба бозии финалии Ҷоми […]



Дар бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2015 миёни дастаҳои «Кувайт» (Кувайт) ва «Истиқлол» (Тоҷикистон), ки футболбозони тоҷик дар меҳмонӣ рӯзи 30 сентябр бозӣ карданд, дастаи мизбон – «Кувайт» бо ҳисоби 4 бар 0 ғалаба ба даст овард.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳамин тариқ, «Истиқлол» имкони дастёбӣ ба бозии финалии Ҷоми КФО-ро қариб пурра аз даст дод.

Акнун барои роҳхат гирифтан ба бозии финалӣ «Истиқлол»-ро лозим аст, ки дар бозии ҷавобӣ дар майдони худ рӯзи 21 октябр дастаи «Кувайт»-ро бо ҳисоби 5 бар 0 мағлуб созад.


Ҷоми КФО-2015


1/2 финал. Бозиҳои аввал

СК «Кувайт» (Кувайт) — «Истиқлол (Тоҷикистон) — 4:0

«Ал-Қодсия» (Кувайт) — «Ҷоҳор Дорул Такзим» (Малайзия) — 3:1


1/2 финал. Бозиҳои ҷавобӣ

20 октябр (сешанбе)

«Ҷоҳор Дорул Такзим» (Малайзия) — «Ал-Қодсия» (Кувайт)

21 октябр (чоршанбе)

«Истиқлол» (Тоҷикистон) — СК «Кувайт» (Кувайт).

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.