ВКД сабаби барканор шудани адвокат Б.Ёров аз кор дар мақомоти милисаро шарҳ дод

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ хислатномаи адвокат Бузургмеҳр Ёровро интишор намуд. Адвокат Б.Ёров аввали ҳафтаи равон ба гумони даст доштан дар қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуд. Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, Ёров Бузургмеҳр Равшанович, таввалудаш 9-уми июли соли 1971, зодаи ноҳияи Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, истиқоматкунандаи […]



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар сомонаи расмии худ хислатномаи адвокат Бузургмеҳр Ёровро интишор намуд. Адвокат Б.Ёров аввали ҳафтаи равон ба гумони даст доштан дар қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шуд.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, Ёров Бузургмеҳр Равшанович, таввалудаш 9-уми июли соли 1971, зодаи ноҳияи Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи И.Сомонӣ, кӯчаи М.Миршакар-66 «а»  мебошад. Соли 1989 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба бахши ҳуқуқ дохил шуда, аз курси чорум, барои дағалона вайрон намудани интизом, ба шӯъбаи ғоибонаи Донишгоҳи мазкур гузаронида мешавад.

 Падараш – Ёров Равшан соли 1941, дар ноҳияи Оби гарми Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Модараш – Исҳоқова Ҳуриниссо соли таваллудаш 1945, дар ноҳияи Сурхандарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон таваллуд шудааст. Бо ҳамроҳии ӯ дар оилаашон 5 нафар фарзанд мебошанд.

Санаи 1-уми июли соли 1993 бо Фармони Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба сифати муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии ШКД-и ноҳияи Октябри (И.Сомонии) шаҳри Душанбе таъин карда шудааст. Рутбаи аввалини Ёров Б.Р. «лейтенанти хурди милитсия» 13 сентябри соли 1993 ва рутбаи дигари навбатӣ, «лейтенанти милитсия» 20 ноябри соли 1996 ба ӯ дода шудааст.

Ба Ёров Б. барои қасдан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод кардани шаҳрванд Назаров бо Фармони ШКД ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, таҳти №20 аз 5-уми марти соли 1994 «Танбеҳи қатъӣ» эълон карда шудааст.

Бо Фармони Раёсати корҳои дохилии Ҳукумати шаҳри Душанбе таҳти №9 аз 26.01.с.1997 лейтенанти милитсия Ёров Бузургмеҳр Равшанович муфаттиши шӯъбачаи тафтишотии Шӯъбаи корҳои дохилии Ҳукумати ноҳияи Октябри шаҳри Душанбе, барои дағалона вайрон намудани интизоми хизматӣ аз вазифаи ишғолкардааш озод карда шуда, ба ихтиёри кадрҳои Раёсати мазкур гирифта шуд.

Баъдан 31 августи соли 1997, барои дағалона вайрон кардани меъёрҳои Қонуни мурофиавӣ-ҷиноятӣ ва талаботҳои Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №82 аз 26.02.с.1993 «Дар бораи тартиби қабул, бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва баррасии ариза, иттилоот ва дигар маълумотҳо оид ба ҳодиса ва ҷиноятҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ», яъне ғайриқонунӣ баровардани қарор дар бораи қатъ кардани парвандаи ҷиноятии дар истеҳсолоташ буда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани айбдоршаванда дар ҷинояти «одамкушӣ», Прокуратураи ноҳияи Октябри (И.Сомонии) ш.Душанбе нисбати Ёров Б.Р. парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, ӯ аз мақомоти корҳои дохилӣ «ХОРИҶ» карда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.