Корхонаи истеҳсоли тиллои «Пакрут» ахири моҳи октябр ба кор медарояд

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 30 сентябр аз корхонаи истеҳсоли тиллои ҶДММ «Пакрут» дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат боздид намуд. Корхонаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Ширкати давлатии Чин оид ба истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои ранга (CNG) таъсис дода шудааст. Бино ба маълумоти котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ, Қоҳир Расулзода бо ҷараёни насби таҷҳизот дар корхона, макони истихроҷи […]



Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 30 сентябр аз корхонаи истеҳсоли тиллои ҶДММ «Пакрут» дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат боздид намуд. Корхонаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Ширкати давлатии Чин оид ба истихроҷ ва истеҳсоли металлҳои ранга (CNG) таъсис дода шудааст.

Бино ба маълумоти котиботи нахуствазири ҷумҳурӣ, Қоҳир Расулзода бо ҷараёни насби таҷҳизот дар корхона, макони истихроҷи ашёи хом ва анбори захираи маҳсулоти тайёр аз наздик шинос шуд.

Ба нахуствазир маълумот дода шуд, ки иқтидори корхона дар марҳилаи аввал истеҳсоли  2 тонна тиллоро ташкил дода, дар марҳилаи  дуюм аз соли 2018 иқтидори он ба истеҳсоли 4 тонна тилло дар як сол мерасад.

Тибқи нақша корхона аллакай аз охири моҳи октябр ба истеҳсоли маҳсулот оғоз мекунад. Дар ин корхона ҳудуди 1 ҳазору 300 нафар мутахассисон бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд, ки 60%-ашро шаҳрвнадони Тоҷикистон ташкил хоҳанд дод.

Нахуствазир ба масъулини вазорату идорахои дахлдори кишвар ҷиҳати саривақт ба кор даровардани корхона ва фароҳам овардани шароити арзандаи меҳнат барои ҳайати шахсӣ дастуру супоришҳо дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.