Ҳалокати бародарон зери сангпораҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд

Шаби 19 октябр бинобар сабаби боридани борони пуршиддат дар ҳудуди деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ, дар километри 150-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз кӯҳ сангпораҳо фаромада, ба болои автомашинаи тамғаи “Ниссан-Сирена”, таҳти идораи ронанда, марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе бархӯрдаанд, ки автомашинаро ба чуқурии 300-350 метр партофтааст. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар натиҷаи ин ҳодисаи […]

ASIA-Plus



Шаби 19 октябр бинобар сабаби боридани борони пуршиддат дар ҳудуди деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ, дар километри 150-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз кӯҳ сангпораҳо фаромада, ба болои автомашинаи тамғаи “Ниссан-Сирена”, таҳти идораи ронанда, марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе бархӯрдаанд, ки автомашинаро ба чуқурии 300-350 метр партофтааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ, дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш худи ронанда, инчунин мусофирони ӯ, (бародаронаш) марди 49 ва 41-сола, сокинони шаҳри Душанбе ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ барошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.