Дмитрий Медведев ба Душанбе ташриф меорад

Date:



Нахуствазири Русия Дмитрий Медевелев дар кори ҷаласаи Шӯрои нахуствазирони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки санаи 30 октябр дар Душанбе доир мегардад, ширкат меварзад.

Бино ба

иттилои

интишоршуда дар сомонаи расмии ҳукумати Русия, дар ин ҷаласа баррасии беш аз 30 масъала дар назар буда, ба рушди ҳамкориҳо дар бахшу иқтисоду тичорат таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Аз ҷумла иштирокдорони ҷаласа атрофи густариши ҳамкориҳои иҷтимоиву гуманитарӣ, тақвияти робитаҳо дар бахшҳои молияву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ табодули назар намуда, ҳамчунин ҷараёни амалисозии муқаррароти Шартнома дар бораи минтақаи савдои озод аз 18 октябри соли 2011-ро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Ҳамчунин қабули нақшаҳои амалисозии марҳилаи сеюми Стратегияи рушди иқтисодии ИДМ дар давраи то соли 2020, марҳилаҳои навбатии иҷрои Стратегияи ҳамкорӣ миёни ҷавонони кишварҳо, Стратегияи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар кишварҳои узви Иттиҳод ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 25-солагии таъсиси ИДМ дар соли 2016 дар назар аст.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласа имзои созишнома дар бораи шартҳои амалисозии ҳисоббаробаркунӣ миёни операторон зимни хизматрасонии алоқаи байнулмилалӣ дар кишварҳои узви ИДМ ва ҳамчунин ворид намудани тағйироту илова ба чанде аз шартномаву қарорҳои дар доираи ИДМ қаблан қабулшуда барои ба замони муосир мувофиқ сохтани онҳо ба нақша гирифта шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...