Оғози парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели қатли ду корманди милисаи Исфара

Date:



Аз рӯи далели куштори кормандони милисаи Дастаи махсуси зудамали шаҳри Исфара парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Аз маркази матбуоти прокуратураи вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки нисбати корманди ҳамин дастаи шуъбаи милисаи шаҳри Исфара Хаёлов С.М. мутобиқи моддаи 104, қ. 2, б. «Б»-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Одамкушии шахс ё наздикони ӯ вобаста бо фаъолияти хизматӣ ва ё қарзи ҷамъиятиро иҷро кардани ӯ) парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки куштори ду корманди милиса аз ҷониби ҳамкорашон ба фаъолияти хизматии онҳо ҳеҷ дахле надошта, дар заминаи муноқишаи рухдода миёни онҳо ба вуқӯъ пайвастааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 19 октябр дар деҳаи Хоҷаи Аълои шаҳри Исфара, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон воқеъ аст, ду нафар кормандони милиса  – Маҳкам Сафаров ва Алишер Шехназаров

мавриди ҳадафи тири ҳамкори худ

қарор гирифта, ба ҳалокат расиданд.

Ба қавли шоҳидони ин ҳодиса, пас аз куштор корманди милиса ба шуъба омада, бо таҳдид ба навбатдор бо таппонча автоматро гирифта ба кӯча мебарояд ва дар маркази деҳа ба тирхоликунӣ ба ҳаво оғоз мекунад. «Ӯро пиронсолне, ки дар наздикиҳо будаанд, бо як душворие ором мекунанд ва вақте каме ором мешавад, худаш ба сардори милиса занг зада, таслим шуд», – изҳор дошта буданд шоҳидони воқеа.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...