Бо фармонҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 22 октябри соли равон Дилшод Хуршед Аминзода ва Махфиратҷон Азимова мутаносибан аз мансабҳои судяҳои суди ноҳияи Сино ва суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе озод карда шуданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин судяҳо бо сабаби бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ё содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз мансаб сабукдӯш шудаанд.
Амирхоҷа Ғоибназар, ки бо амри президент аз мансаби сардори Раёсати ҳуҷҷатгузорӣ ва назорати дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат озод карда шуд, бо фармони президент раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон таъин карда шудааст.


