Ҳамдардии тоҷикистониён ба русиягиҳо

Дар робита ба садамаи ҳавопаймо дар Миср, ки боиси ҳалокати 224 нафар шуд, тоҷикистониён ба русиягиҳо ҳамдардӣ изхор намуданд. Рӯзи якшанбе сокинони Душанбе ба назди бинои намояндагии дипломатии Русия дар Тоҷикистон гулу бозича ва шамъҳо оварда гузоштанд. Намояндагии дипломатии Русия ба тоҷикистониён изҳори сипос намуда, ин амалро аломати дӯстии ҳарду халқ арзёбӣ намуд. «Мо ба […]

ASIA-Plus



Дар робита ба садамаи ҳавопаймо дар Миср, ки боиси ҳалокати 224 нафар шуд, тоҷикистониён ба русиягиҳо ҳамдардӣ изхор намуданд. Рӯзи якшанбе сокинони Душанбе ба назди бинои намояндагии дипломатии Русия дар Тоҷикистон гулу бозича ва шамъҳо оварда гузоштанд.

Намояндагии дипломатии Русия ба тоҷикистониён изҳори сипос намуда, ин амалро аломати дӯстии ҳарду халқ арзёбӣ намуд.

«Мо ба ҳамаи тоҷикистониён, ки дар робита ба ин ҳодисаи фоҷебаор ҳамдардии самимӣ изҳор намуда, дар ин лаҳзаи душвор Русияро дастгирӣ намуданд, изҳори сипос мекунем. Бахусус аз онҳое миннатдорем, ки назди сафорат гулу шамъҳо оварданд, то ки ғаму андӯҳро ҳамроҳ қисмат кунем», – қайд кардааст сафорати Русия.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 31 октябр ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати “Когалымавиа зимни парвоз аз шаҳри Шарм-ул-Шайх сӯи шаҳри Санкт-Петербург баъди 23 дақиқа  дар болои нимҷазираи Синой ба садама дучор гардида, дар натиҷа 224 нафар, аз ҷумла 217 мусофир ва 7 сарнишини ҳавопаймо ҳалок шуданд, ки 17 нафарашон кӯдакон мебошанд.

Дар Русия мотами серӯза эълон шудааст. Имрӯз ҷасади 144 нафар ҳалокшудагон ба шаҳри Санкт-Петербург оварда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.