Иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ ба 86% расид

То имрӯз, 2 ноябр дар 33 шаҳру навоҳии Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба иҷро расид. Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Хатлон ба андозаи 99%, ВМКБ – 95%, вилояти […]

Аваз Юлдошев



То имрӯз, 2 ноябр дар 33 шаҳру навоҳии Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ба иҷро расид.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Хатлон ба андозаи 99%, ВМКБ – 95%, вилояти Суғд – 88%, ноҳияҳои тобеи марказ – 73% ва шаҳри Душанбе – 86% иҷро шуда, дар саросари кишвар иҷрои нақшаи даъват ба 86% расидааст. «Имрӯз иҷрои нақшаи даъват дар вилояти Хатлон дар назар аст», – гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи фармони президенти кишвар, маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 1-уми октябр оғоз гардида, 30 ноябри соли равон ба итмом мерасад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ  шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.