Машқҳои бузургмиқёси Вазорати мудофиа дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ

Дар қаламрави шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ имрӯз бо иштироки беш аз 40 ҳазор нафар кормандони муассисаҳои давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ машқҳои бузургмиқёси Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шурӯъ мешаванд. Қобили зикр аст, ки чанде қабл, 1 ноябр дар Вазорати мудофиаи кишвар давраи омӯзишӣ ва машқҳои дурӯза барои раисони […]

Аваз Юлдошев



Дар қаламрави шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ имрӯз бо иштироки беш аз 40 ҳазор нафар кормандони муассисаҳои давлатӣ, сохторҳои қудратӣ ва сарбозону афсарони эҳтиётии артиши миллӣ машқҳои бузургмиқёси Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон шурӯъ мешаванд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл, 1 ноябр дар Вазорати мудофиаи кишвар давраи омӯзишӣ ва машқҳои дурӯза барои раисони шаҳру навоҳии Хатлон ба итмом расиданд, ки дар онҳо ҳамчунин комиссарҳои ҳарбӣ ва роҳбарони Шуъбаҳои ВКД-и шаҳру навоҳии вилоят ширкат доштанд.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки давраҳои омӯзишӣ ва машқҳо дар доираи иҷрои Фармони президенти Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тасдиқ ва амалисозии нақша оид ба ташкили мудофтраи қаламрав» гузаронида шуда, ба онҳо авиатсия, техникаи зиреҳпӯш, аслиҳаҳои сабуки оташфишон ва артиллерия низ сафарбар мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, давраҳои омӯзишӣ ва машқҳо, ки то 5 ноябр идома меёбанд, таҳти раҳбарии вазири мудофиаи кишвар генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо баргузор хоҳанд шуд.

Зимнан зикр гардид, ки дар ин чорабиниҳо тарзу усулҳои ташкили мудофиаи қаламрав, даъват ва сафарбарии сарбозону афсарони эҳтиётии мудофиаи миллӣ ва ҳамчунин машқҳои фармондеҳӣ-тактикии фаврии зиддитеррористӣ мавриди омӯзиш ва иҷро қарор мегиранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.