Баррасии имконоти наздикшавии интернет ва телевизион дар Тоҷикистон

Конфронси дуюми байнулмилалӣ таҳти унвони  «Телекоммуникатсияҳо, телерадиошунавонӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар доираи Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)» рӯзҳои 17-18 ноябр дар Душанбе доир мегардад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ созмон дода мешавад. Аз Дафтари САҲА дар ҶТ ба «Азия-Плюс» дар […]

ASIA-Plus



Конфронси дуюми байнулмилалӣ таҳти унвони  «Телекоммуникатсияҳо, телерадиошунавонӣ ва уҳдадориҳои Тоҷикистон дар доираи Созмони умумиҷаҳонии савдо (СУС)» рӯзҳои 17-18 ноябр дар Душанбе доир мегардад.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ созмон дода мешавад.

Аз Дафтари САҲА дар ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин иттилоъ доданд, ки рӯзи аввали конфронс коршиносони миллӣ ва байнулмилалӣ таҳқиқот оид ба имконоти таъсиси танзимгари наздикшавӣ (конвергентӣ) барои хизматгузориҳои телекоммуникатсия ва пахши барномаҳои телевизиону радио дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд. Таҳқиқоти мазкурро гурӯҳи корие, ки бо дархости Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ аз ҷониби Дафтари САҲА дастгирӣ ёфт, омода кардааст.

Рӯзи 18 ноябр ваҷҳу далелҳои ҷонибдорӣ ва мухолиф будани таъсиси танзимгари наздикшавӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасии гурӯҳи коршиносон қарор мегиранд. Дар се гурӯҳ коршиносон талаботи сохторӣ ва молиявӣ барои танзимгари мустақили телекоммуникатсионӣ, танзимгари мустақили пахши барномаҳо ва танзимгари наздикшавиро баррасӣ мекунанд.

Қобили зикр аст, ки конвергенсия (наздикшавӣ)-и телекоммуникатсия ва пахши барномаҳоро коршиносон ба сифати ҷараёне арзёбӣ мекунанд, ки технология ва хизматгузориҳоро ба як низоми мавзуни интерактивии хизматгузорӣ барои қаноатбахш қонеъ кардани дархостҳои истеъмолгарон муттаҳид менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.