Ҳалокати 3 шаҳрванди Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиёт дар вилояти Калуга

Субҳи рӯзи 16 ноябр дар километри 274-уми роҳи мошингарди М-3 дар қаламрави ноҳияи Думиничскии вилояти Калугаи Русия садамаи нақлиёт рух дода, бар асари бархӯрди автомашинаи боркаши МАН бо автомашинаи тамғаи «Шевроле Ласетти» 5 нафар ба ҳалокат расиданд, ки се нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Котиби матбуотии намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» […]

Аваз Юлдошев



Субҳи рӯзи 16 ноябр дар километри 274-уми роҳи мошингарди М-3 дар қаламрави ноҳияи Думиничскии вилояти Калугаи Русия садамаи нақлиёт рух дода, бар асари бархӯрди автомашинаи боркаши МАН бо автомашинаи тамғаи «Шевроле Ласетти» 5 нафар ба ҳалокат расиданд, ки се нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.

Котиби матбуотии намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки шахсияти шаҳрвандони ҳалокшудаи Тоҷикистон муайян шудааст, ки онҳо – сокини шаҳри Хуҷанд – Абдураҳмонов Ҷамшед Абдутолибовичи 35-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров – Абдуаҳад Фаёзови 27-сола ва сокини ноҳияи Шаҳритӯс – Маҳмадшоева Наргис Қарахоновнаи 40-сола мебошанд. Ҳангоми садама боз ду шаҳрвандони Эквадор низ дар дохили автомашина қарор доштаанд.

Ба иттилои манбаъ, айни замон сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳамроҳ бо намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ оид ба муҳоҷират дар Русия ҷиҳати муайян кардани тамоми ҳолатҳои ҳодиса рухдода кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Зимнан зикр гардид, ки ҳодисаи мазкур аз ҷониби мақомоти тафтишоти вилояти Калуга низ мавриди санҷишу таҳқиқ қарор гирифтааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.